Arzon march 2024
Мардҳо чӣ гуна духтарро ба занӣ гирифтан мехоҳанд?
495

Дар кишвари мо шумораи занҳои танҳо аз мардони муҷаррад бештар буда, пайдо намудани ҷуфти худ чандон кори осон нест. Барои соҳиби бахт шудан зан бояд маликаи орзуҳои мард бошад. Мехоҳед донед, ки чӣ гуна ба дили ҷинси мард роҳ ёфта, соҳиби шавҳар ва хонаи обод гаштан мумкин аст? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Ба умеди зебогиатон нашавед, духтарон!

Аксарияти бонувон фикр мекунанд, ки мардҳо духтарони зебою хушқаду қоматро дӯст медоранд ва барои ба дили ҷавонон роҳ ёфтан пули зиёдеро сарф намуда, косметикаи гаронбаҳо ва сару либосҳои зебо мехаранд, парҳез мекунанд, то ки лоғарандому дилкаш шаванд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо мардони булҳавас ба ҳусну малоҳати зоҳирии зан таваҷҷуҳ мекунанд, мардони зангир бошанд, ҳангоми интихоби ҳамсафари ҳаётӣ ба дигар сифатҳои арӯсшаванда диққат медиҳанд.

Зани хондагӣ беҳтар ё бесавод?

Андешаи он ки мард зани боақлро дӯст намедорад, тамоман ғалат аст. Мутахассисони сотсиология дар 30 кишвари олам пурсиш гузаронида, муайян намуданд, ки аксарияти мардҳо тафаккури занро аз ҳусну малоҳаташ болотар медонанд. Мардони соҳибмаълумот мехоҳанд зани хондагӣ гиранд. Мардҳо танҳо аз он бонувоне метарсанд, ки дараҷаи тафаккурашон аз онҳо болотар аст. Ғурури мардонаашон тақозо менамояд, ки дар оила як сару гардан аз зан болотар бошанд.

Дилрабо ё супер-модел?

Фатонату ҷозибаи зан мардро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад, вале мардҳо аз духтарони лӯхтакбашара метарсанд. Ба ақидаи мардон бонувони аз ҳад зиёд зебо ва хушлибос худхоҳу худпараст мешаванд. Мард гумон мекунад, ки зани олуфта рӯзи дароз назди оина нишаста, дасташро ба ягон кори хона намезанад. Аз тарафи дигар зани парӣ барин зебо гирифтан хатарнок аст. Ягон мард намехоҳад, ки дигарон ба зани мурчамиёни ӯ чашм ало карда аз пасаш кашола шаванд. Барои ҳамин мардҳо маликаҳои ҳусну малоҳатро монда ба бонувони ситорагарм хонадор мешаванд.

Меҳрубон бошӣ, хушбахт мешавӣ

Меҳрубонӣ, ҳалимӣ, мушфиқӣ сифатҳое ҳастанд, ки мард дар симои зани ояндааш дидан мехоҳад. Ҳар қадаре мард калонсол бошад, ҳамон андоза мехоҳад духтари одиву самимиеро ба занӣ гирад, то ҳамеша дарди дилашро фаҳмида, ӯро дастгирӣ карда тавонад.

Бибичаққонак

Ба ақидаи мардҳо бо зани чаққон зистан аҷиб ва гуворо аст, зеро чунин зан дар ҳама ҷо худро озод ҳис мекунад. Бонуе, ки ҳамеша бо коре машғул аст, пайваста ягон навигарӣ меёбад ва диққати мардро ба худ ҷалб карда метавонад.

Зане, ки мардро мегурезонад….

Мардҳо тобу тоқати зани мағрурро надоранд, вале зани ба худ эътимод дошта ба зудӣ таваҷҷуҳи ҷинси зарифро ба худ мекашад. Зани мустақилу дорои шаъну шараф дар назари мард ширину асрорангез ҷилва мекунад. Дили чунин бонуро ба даст овардан барои мард кайфиятбахш аст. Зан аз сурату сираташ норозӣ бошад ва ҳамеша «Ман фарбеҳам? Равғани ишкамам намоён шудааст?» гӯён, саволҳои бемаънӣ додан гирад, мард ҳам ба дилкаш будани ин зан шубҳа мекунад. Зан набояд дар ҳузури мард худашро танқид намояд.

Хирсаки махмалин беҳтар ё Барбӣ?

Бонувони аз ҳад фарбеҳ ба мардҳо писанд нестанд, вале зани аз ҳад хароби ба лӯхтаки Барбӣ монанд ҳам, на ба ҳар мард маъқул мешавад. Мардони баркамол бонувони фарбеҳакро дӯст медоранду ҷавонон зани хушпайкарро орзу мекунанд. Танҳо 8% мардҳо хонумҳои ба Барбӣ монандро хуш доштаанду халос. Барои ҳамин беҳуда худро аз хӯрданиҳои лазиз маҳрум насозед. Аслан барои мард вазни зан не, қаду қомати мавзун доштанаш муҳим аст.

Накҳати зан

Ҳамагӣ чанд лаҳза дар паҳлӯи зан будан кофист, ки мард аз бӯйи бадани ӯ хулоса барорад, ки оё ин хонум ба ӯ хушбахтӣ ато карда метавонад ё не. Агар бӯйи табиии зан ба мард писанд наояд, на ҳусну малоҳат кӯмак мерасонаду на ду-се маълумоти олӣ ва на сарвату боигарӣ. Мардҳо худашон инро ҳатто эҳсос накарда аз рӯйи накҳати табиии бадани зан ҳамсафари ҳаётӣ ва модари фарзандони ояндаашонро интихоб менамоянд. Ин ҳолат ғайриихтиёр рух медиҳад ва димоғро фиреб карда намешавад. Дар организми мо ферментҳо-моддаҳое коркард мешаванд, ки дар ҷинси муқобил рағбати ҷинсиро бедор менамоянд. Аз ин лиҳоз, аз атру хушбӯйҳо зиёд истифода набаред, вагарна бӯйи табии баданатон нест шуда, мардҳо аз шумо мегурезанд.    

Таҳияи МЕҲРУБОН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД