1xbet
Марди зандорро гирифтаму...
15.06.2025
Oila.tj
229

Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар бонувон аз сарнавишти хеш қисса мекунанд. Бархе аз ин тақдирҳо боиси баҳсу мунозираҳо мешавад. Чанд рӯз пеш дар саҳифаи “Кошонаи Шаҳло” чунин як нома нашр шуд, ки бисёриҳо ба он вокуниш нишон доданд. Ин нома ва чанд вокунишро манзури шумо мегардонем, то назари шуморо ҳам бидонем.

Ман дар синни 29-солагӣ бо 3 кӯдак бевазан шудам. Мехостам умуман дигар шавхар накунам, аммо як хеши наздики шавҳари раҳматиам зуд-зуд ба дидорбинии фарзандонам меомаданду хоҳиши издивоҷ карданд. Ростӣ ин хеши шавҳари рахматиам зан дорад, аммо дар хонаашон оромӣ набуд. Ҳанӯз ман бо ӯ оила барпо накарда, оилааш маро бадном кард. Сипас, ноилоҷ ба никоҳаш даромадам. Ман ба хонаводаи ӯ умуман коре надорам, аммо оилааш маро азоб медиҳад.

Ҳоло дар азобам. Ба се фарзандонам, мегӯям гӯед ба амакатон (онҳо шавҳарамро амак мегӯянд) ҷавоби маро диҳад, як рӯзи хуш бинам.

Аммо духтари калонияму писарам мегӯянд: - “Модар, боз дар таънаи мардум мондан намехоҳем. Тақдиру насиб будааст!”. Зани шавҳарам бисёр ганда ва бемуросо аст. Аз аввал бо ман муомилаи хуб надорад ва маро ту ҷодугар мегӯяд. Ба ман маслиҳат диҳед.

М.

Фарзона Ҳалимова:

- Шӯи занака гирифтию боз вай гандаву ту хуб, дар тухми мард қирон омада буд, ки маҳз хеши шавҳарата гирифтӣ, ту хубу вай зани бечора гандаву расво?!

Санавбар Солеҳова:

- Аслан аз рӯйи гуфтаи Қуръону ҳадис бигирем Шумо ҳеҷ кори бад накардаед ба ҷуз оне, ки пеш аз никоҳ бо марди номаҳрам муносибат доштаед, чун ин рафтор барои зани мусалмон шоистаи таҳсин нест! Аммо баъди шавҳар бо хеши ӯ издивоҷ кардан ин гуноҳ нест, аммо дар расму оини мо тоҷикҳо қобили қабул нест, вале фаромӯш накунем, ки Паямбари мо Муҳаммад с.а.в. бо яке аз ҳамсаронашон айнан баъди ҷудо шудан аз хешашон издивоҷ кардаанд. Вақте инсон инсони хуб аст ин ягон мушкили надорад, масалан як мардеро медонам, ки бо 4 фарзанди хурдсол ҳамсараш гузашту танҳо монд. Ҳамаи хешу таборон хоҳари ҳамсарашро, ки аз шавҳараш ҷудо шуда буд бо язнааш никоҳ карда доданд. То ҳол зиндагии обод доранд. Тақдири Аллоҳ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Барои бевазанон шавҳар кардан аз бешавҳар беҳтар аст.

Ҷӯрақулова Фариза:

- Хоҳарҷон асос айби худат. Хонаи мусичаро вайрон кунӣ увол гуфтаанд. Се фарзанд доштагӣ хонаву дар доштагӣ, ҳа нагуфта бачекот калон мешаванд... Баъд номаъқул карда шу мекунӣ? Барои ҳамин зан мардум беақл аввалаш, ки хонаи зани бешавҳар мардак чаро меояд? Илоҳо аз худоҷон орзу мекунам, ки ба занҳое, ки бача доранду шавҳарошон мурдагӣ нафси мурда тияд. Қаин қаин...

Рисолат Абдуллоева:

- Ҳаму хеши шут ҳаром будааст, ки баҳонаи кӯдакон пеши ту меомадааст. Зан кам буд, ки зани хешбачаашро гирифтааст? Ин ҷо ту ҳам айбдорӣ, ки ба ин мард иҷозат додӣ, ки пешат ояд. Ин мард ҳам айбдор, ки фикри хешутабориро накардааст.

Файзимаҳмад Файзиев:

- Инҷо айби худат ҳаст хоҳарҷон. Агар худатро намефорид аз аввали бева монданат ӯро роҳ намедодӣ ба хонаат, сонӣ ҳамон мард ҳам номаъқул мекард, дар хонаи занаки бева, ки шавҳараш мурдагӣ аст. Чаро дигар хешу табори шавҳарат нею маҳз ҳамин хабаргириат меомад? Баро ҷудо шав аз он мард. Худат калон кун фарзандонатро вай фақат барои нафсаш туро гирифтагӣ. Агар вай мард мебуд зиндагии худашро орому тинҷ мекард ва ҳеҷ гоҳ ба зани хешаш бо чашми шаҳват наменигарист. Инҷо худат ҳалу фасл кун хубтар аст гарчанде ҳазорон маслиҳатат бидиҳанд, ҳам бо дили худат кор мекунӣ.

Сония:

- Аввалаш тақдират будааст. Медони кӣ вай зандор, боз хешовандат мешавад. Барои чӣ боз ҳамура мегирӣ? Ҳамаи зана шавҳараша гирӣ мехурадат. Дар бахти дигаре ба худат бахт сохта наметонӣ. Барои ҳамин хубаш, ки аз ӯ фарзанд надорӣ ҷудо шав. Гушот тинҷ. Ягон ҷо кор баро ягон марди занаш мурдагӣ ба шавҳар бошад, хонадор шав.

Нарзиой Мирзозода:

- Ба бахти кас ҳеҷ вақт хушбахт намешавӣ! Инро бидон!

Рисолат Абдуллоева:

- Бояд хеши шавҳартона намегирифтен. Дигар хешҳош низ дустат нахоҳанд дошт. Кори шудагӣ шуд. То худаш ҷавобатро надиҳад ҷудо нашав. Барои зан айб аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД