35 years of independency
Марди ҳунар
128

Марди ҳунар

Фарҳанг таҷассумгари таъриху тамаддуни ҳар як халқу миллат буда, дар пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли созандаву худогоҳ нақши муҳим дорад. Бешубҳа, дар рушду инкишофи ин соҳаи муҳим саҳми шахсиятҳои зиёде, ки фаъолияти худро ба ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ғанӣ гардонидани ҳаёти фарҳангии ҷомеа бахшидаанд, назаррас мебошад. Маҳкам Додоев аз ҷумлаи чунин шахсиятҳост. Ӯ солҳои зиёд дар ин самт фаъолият намуда, баҳри рушди ин соҳаи муҳим саҳми арзанда гузоштааст.

Махкам Додоев 11 ноябри соли 1956 дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ соли 1974 пас аз хатми мактаби миёна бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда сарбаландона хизмати ҳарбиро адо намуд. Сипас, соли 1978 фаъолияти меҳнатияшро дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Истаравшан ба ҳайси мудири клуби сайёр оғоз намуд. Аз ҳамон вақт сар карда, фаъолияти минбаъдааш ба соҳаи фарҳанг пайванд ёфт. Минбаъд ӯ дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ронандаи клуби сайёр, мудири хоҷагӣ, дастурдеҳ, сармутахассис, директори кабинети методӣ ва мушовири бахши фарҳанг фаъолият намуд.

Махкам Додоев бо мақсади такмили дониш ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ солҳои 2015–2017 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз рӯйи равияи «Методисти раёсат ва шуъбаи фарҳанг» курси такмили ихтисосро хатм намудааст.

Ин марди ҳунар замони дар шуъбаи фарҳанг фаъолият намуданаш дар чандин намоишномаҳои театри мардумӣ, аз ҷумла "Зафар", "Шуҳрати хорпуштак", "Домоди охирин", "Эшони илоанта", "Супориши Ч.К.", "20 дақиқа бо фаришта" ва ғайра нақш офарид, ки аз ҷониби мухлисону мунаққидон баҳои баланд гирифтааст.

Махкам Додоев барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи фарҳанг бо ифтихорномаву сипосномаи Вазорати фарҳанг, раёсати фарҳанг ва МИҲД-и шаҳру вилоят сарфароз гардидааст. Ҳамчунин, барои саҳми арзандааш дар ин самт бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шудааст. Имрӯзҳо Маҳкам Додоев вазифаи котиби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳрро ба уҳда дорад ва сарбаландона адои вазифа намуда истодааст.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД