Як муҳоҷири тоҷик кӯдаки 11-моҳаи русро, ки бо шикам дар рӯйи роҳ мехазид, аз хатари зери чархи ягон мошин мондан наҷот додааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар доданд.
Бахтиёр Исмоилов зодаи Тоҷикистон буда, беш аз 20 сол боз дар вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунад. Ин марди тоҷик масъули дастрас намудани хӯрока ба муштариён буда, ҳини баргаштан аз кор чашмаш ба як духтарчаи хурдакак афтидааст, ки бо шикам дар роҳ мехазид. Мард дарҳол кӯдакро ба бағал гирифта, дар рӯйҷои гарм печондааст ва ба кормандони пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар додааст. Тахминан пас аз 10 дақиқа бибии кӯдак пайдо шуда, талаб кардааст, ки духтарчаро ба вай диҳад, вале бо сабаби он ки пиразан суроға ва рақами телефони волидони кӯдакро намедонист, Бахтиёр Исмоилов ба набераи ин зан будани кӯдак шубҳа намуда, духтарчаро надодааст.
Ҳамин тавр, ин марди тоҷик то расидани кормандони пулис ва табибон духтарчаи хурдакакро дар оғӯши худ гарм намуда, ором кардааст.
Бо шарофати ин марди меҳрубон кормандони пулис тавонистаанд кӯдакро сиҳату саломат ба волидонаш баргардонанд. Ба гуфти табибон, духтарча каме шамол хӯрда бошад ҳам, вазъи саломатиаш айни замон хуб аст.
Модари кӯдак ба Бахтиёр Исмоилова барои наҷот додани фарзандаш миннатдорӣ баён намуда, гуфтааст, ки пиразан дар ҳақиқат бибии духтарчааш мешавад, вале бемории рӯҳӣ дорад.