arzon replenishment
Марди сиёҳбахт (ҚИСМИ 4)
2129

Дар сари кўча чанд лаҳза истод. Намедонист, ки ба куҷо биравад. Ба ёдаш вокзали роҳи оҳан зад, ки дар наздикии хонашон буд. Падараш боре гуфта буд, ки қаторҳо аз ин ҷо ба шаҳрҳои дигар мераванд. Давид ба сўи вокзал.

Дар ҳоле, ки аз сару рўяш арақ мешорид ва захми рўйи биниаш месухт, худро ба вагоне зад. Дар гўшае бо сари хам «амонат» менишаст. Зане омад. Бору буғчаашро ҷобаҷо кард. Баъд аз чанде пайхас кард, ки духтарак тани танҳо ва бо ҳоли парешон аст, сар кард ба пурсу пос. Духтарро ҳиққа гирифта буд. Наметавонист чизе бигўяд. Саҳарро ба наздаш даъат кард. Як пиёла қандчой дод. Гармӣ дар бадани духтар давид. Андаке ба худ омад. Достонро ба зан нақл кард. Зан, ки гиря гулӯгираш карда буд, бо меҳрубонӣ гуф:

- Ғам нахўр, духтарҷон. Ман туро ба хонаи худам мебарам. Ба бобоят хабар медиҳам. Омада мебарад...

Бегаҳӣ Мардон, ки омад, занаш гуфт, ки Саҳар куҷое рафтааст. Дар хона нест. Мардон занашро саволборон кард: Ба куҷо рафтаст, бо кӣ рафтаст, чаро рафтаст ва ... Занаш дар ҷавоб мегуфт, ки вай чӣ донад, ки он сакалту куҷо гум шудаст.

Мардон ба милиса хабар дод. Шабро бо ҳазорон фикру хаёл рўз кард. Субҳ тамоми сардхонаҳо ва поркҳову истгоҳҳо ва... - ро гашт. Аксашро бо эълон ба телевизион дод. Чандин рўз гузашт. На пай буду на Ҳайдар...

Ҷанг буд, ҷанги худкушӣ. Ҳама дар таҳлукаву тарсу ҳарос. Ҳар кас, ки метавонист, сарашро мегирифту мегурехт.

Зани Мардон, ки баъд аз солҳо умедвор шуда буд, шабу рўз исрор мекард, ки хонаро бифрўшанду ба шаҳраке, ки хешу табораш зиндагӣ мекарданд, бираванд.

Мардон баъд аз шунидани хабари пайдо шудани Саҳар андаке ором гирифт ва чун занаш дуҷон буду зиёд исрор мекард, билохира розӣ шуд. Хонаро ба ҳамсоя бо ними нарх дода кўч бастанд.

Баъд аз ҳодисаи Саҳар дили Мардон аз ин занак монд, чунон монд, ки гўӣ на хона дошту на зану на фарзанд. Худаш буду худояш ва ҳасрати рўзгорони гузашта.

Дар поёни як соли таҳсил ба занаш гуфт: «Ман меравам, агар хостӣ, биё. Нахостӣ, кори худат». Ва баргашту ба ҷамъи дўстону шогирдонаш пайваст.

Дар хонаи иҷора тани танҳо мезист, ки зану писараш омаданд. Онҳо барояш тамоман бегона шуда буданд. Вуҷудашонро эҳсос намекард. Ҳамеша банди хотираи рӯзҳое буд, ки бо Марҷон мезист.

Чанд бор занашро ба он шаҳрак фиристод, ки хонаро бифрўшад, дар марказ хона бигиранд. Занак, ки бародарону хоҳарон ва хешу ақрабояш дар он ҷо буданд, намехост хонаро аз даст бидиҳад. Ба Мардон ҳазор баҳона пеш меовард, ки «хона арзон асту харидори ҷазмӣ пайдо нашуд ва...».

Мардон худ ба худ обу адо мешуд. Пас аз як ҷарроҳӣ комилан бистарӣ шуд.

Хоҳарону бародаронаш хабар ёфта ба аёдаташ омаданд. Занаш мегуфт, ки «акатон чанд сол пеш мана се талоқ кардагӣ. Ману писарам кор дорем. Наметавонем рўзи дароз дар назди ў бинишинем. Хоҳед, бо худ бибаред. Набошад, ба бесоҳибхона месупорамаш ».

Бародаронаш ҳарчанд мехостанд, ки ўро бибаранд, розӣ намешуд.

Ба чандин бемористон бурданду бистарӣ карданд, ҳеҷ табибе дардашро нафаҳмид. Танҳо якеаш гуфт, ки ғамбемор аст. Мардон соатҳо рў ба девор сукут мекард. Бо касе ҳарф намезад. Гўӣ «худаш бо дасти худаш кафанашро пора мекарду медўхт».

Дар моҳи шарифи Рамазон, дар як рўзи гарми тобистон даргузашт. Ёру дўстонаш ҷамъ омаданд. Марҷон ҳам дар байни онҳо буд. Гардани духтару писарашро мегирифту мегирист ва «во балам, во балам, хонавайронам балам» мегуфт.

Марҷон шавҳар накард. Умри ҷавонаш барои ду фарзандаш хазон шуд. Духтару писарашро хонадор кард ва ҳамроҳи писару набераҳояш дар хонае, ки арӯс шуда буд, мезист. Баъд аз гўру чўби Мардон ба деҳа баргашт. Дар роҳи бозгашт дарди ҷонкоҳе дар қафаси синааш пайдо шуд ва баъд аз ҳафтае ба Мардон пайваст.

Қаҳҳори ХАЛИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД