Arzon march 2024
Марди сиёҳбахт (ҚИСМИ 1)
1833

- Хола, холаҷон!

- Лаббай, бачем!

- Ба ман хат омадаст.

- Мардон навиштааст?

- Не, не. Қосими бачаи Ҳошим. Дар мактаб дум ба думам мегашт. Байт менавишт. Туя нағз мебинам мегуфт. Фақат бо вай ҷанг мекардам. Аз рўт безорам мегуфтам. Ҳозир навиштаст, ки « аз шут бурою мана гир». Пештар ҳам навишта буд.

- Бачем, аз кокулот мурад холед. Ҳамаи хатоша ба ман те. Ба дасти Мардон нарасад. Медонӣ - ку вай чӣ қадар тунду тез аст. Агар хабар ёбад, ягон балоя аз сар мекунад.

Модарарӯси Марҷон хат навиштани Қосимро ба шавҳараш гуфт. Зану шавҳар Марҷонро зорию тавалло мекарданд, ки хатҳои Косимро ба онҳо диҳад, то ба дасти Мардон нарасад. Марҷон бо як пой меистод. Ба такрор мегуфт:      

- Ба Мардон нишон медиҳам, ки адаби ин худобехабарро диҳад.

Мардон муаллим буд. Ба аскарӣ бурда буданд. Як моҳ пас меомад. Падари Мардон як серкаи панҷиро аз рама овард, то дар пеши пои писараш хун кунад.

Мардон ду бародару се хоҳар дошт. Аҳли ин хонаводаи бузург бо арӯс ва ду набераашон дар ҳавлии хурдакаке дар маркази деҳа зиндагӣ мекарданд. Вай дар корхонае дур аз деҳа кор мекард. Моҳе як бор ё ду бор меомаду мерафт. Ташвиши рўзгор асосан бар дўши занаш буд.

Марҷон, фарзанди хеши падари Мардон, духтари сархам, камгап ва ситорагарм буд. Талабгорони зиёд дошт, вале дили ў бо Мардон буд, ҳамчунон, ки дили Мардон бо ў.    

Мардон ҳар бор, ки аз шаҳр ба деҳа меомад, саъй мекард, ки Марҷонро бубинад, то дилаш андаке ором бигирад.

Падару модари Мардон дилбастагии писарашонро ба Марҷон фаҳмида, духтаракро хостгорӣ карданд.

Мардон хеле ҷавон, дар соли сеюми омўзишгоҳ хонадор шуд ва пас аз муддате   соҳиби писар ва духтарчаи нозанин гашта, баъди хатми омўзишгоҳ дар деҳа муллим шуд ва ҳамон сол ба хидмат рафт. Ҷавони тануманду ҳузарб буд. Дар хидмат пайваста машқ мекард. Дар мусобиқаҳои гўштӣ ширкат варзида қаҳрамони қисми низомӣ гашт...

***

Мардон баргашт. Хонаи онҳо тӯйхона шуд. Падару модар ва бародарону хоҳаронаш шодӣ мекарданд. Хурсандии Марҷон бештар аз дигарон буд.

Як ҳафта баъд аз бозгашти Мардон ҳамсояи дар ба девори онҳо писарашро зан дод. Мардон ҳамроҳи бачаҳои гузар барои овардани арӯс рафт. Дар хонаи арӯс онҳоро ба болохона бурданд. Баъд аз қироати Қуръону хўрдани зиёфат ва пўшондани сару либоси домод ба рўйи ҳавлӣ баромаданд. Ҳангоме, ки домод пой ба хонаи арӯс мениҳод, пойандоз густурда шуд. Ҷавононе, ки « ман» мегуфтанд, ду тақсим шуданд ва аз ду гўшаи пойандоз, ки матои суфи дастнахўрда буд, гирифтанд. Кашмакашу зўрозмоӣ шуруъ шуд. Ҳамроҳони Мардон яке паси дигар аз радда хориҷ мешуданд. Мардон гўшаи пойандозро ду бор ба гирди дасташ печонда бо тамоми қувваташ нигаҳ медошт, вале чун қувваҳо нобаробар буданд, оҳиста – оҳиста ба пеш мелағжид. Дар ҳамин ҳол Мардон якбора пойандозро суст кард ва худаш ду қадам ба тарафи рақибонаш рафт. Бачаҳои тарафи муқобил, ки ғофилгир шуда буданд, пойҳояшон аз замин канда шуд ва ҳама ба пушт ба замин заданд. Пойандоз аз дасташон раҳо шуд. Мардон пойандозро болои сар ҷавлон медод. Садои «офарин»-у «аҳсант» ва шӯру мағал ба фалак печид. Бачаҳои тарафи муқобил сархаму музтар шуда буданд...

Қосим ҳам сахт ба Марҷон дил дода буду насибаш нашуд, низ дар байни онҳо буд. Вай аз ин шикасти ногаҳонӣ ва боварнакарданӣ ҷигархун шуд. Ҳарчанд медонист, ки дастболо нахоҳад шуд, боз ҳам дилаш мехост бо як ҳамла Мардонро бидарад ва пора–пора кунад. Чанд қадам ба сўи Мардон гузошт. Мўйсафедон вазъро зуд пай бурданду дар байни онҳо қарор гирифтанд, то ҷашни арӯсӣ вайрон нашавад ва бадномие пеш наояд...

(Давом дорад)

Қаҳҳори ХАЛИЛ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД