arzon replenishment
МАРДИ ДУЗАНА АЗ ФАРЗАНДОНАШ РӮЙ ГАРДОНДУ...
19.01.2021
ОИЛА
5807

Дадаҷон, думболи зани дуюм рафтиву фикри фарзанди кӯчакатро накардӣ. Мо гушнаю ташна хизмати мардуми деҳро карда калон шудем. Модарам аз ғами мо-фарзандони зиндаятимаш ғамбемор шуда ба бистари маризӣ афтид. Ситаму азобу хориҳои бисёрро пушти сар намудем. Болои ранҷу азобамон ту барои айшу ишрати зани дуюмат аз мардум пули бисёре қарз гирифта, хонаи моро ба гарав гузоштӣ. Хиёнатат кам буд, ки болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, моро бесарпаноҳ намудӣ.

Қарздоронат хонаамонро кашида гирифтанд. Хайрият, дили аҳли деҳа ба ҳоламон сӯхту дар як гӯшаи деҳа бароямон кулбаяке сохта доданд. Хориҳои зиёде кашида бошем ҳам, намурдем падар, бе кӯмаки ту ҳам калон шудем, дастёри модар гаштем. Имрӯз аз чизе кам нестем. Апаам дӯзандаи хуб шудаасту акаам устои мошин ва акнун ману хоҳарам нони серӣ мехӯрем. Бо ҳама бераҳмию бемеҳриҳоят дӯстат медоштем, дуриат моро ҷигархун менамуд, вале дирӯз аз даҳони раиси маҳалла як гапи хунукатро шунидаму дилам ба тамом аз ту сард гашт.

Раиси маҳалла насиҳатат кардааст, ки «номардӣ накун, аз ҳоли зану бачаҳоят хабар бигир. Ин қадар ғуломи зани дуюмат нашав! Айёми пирӣ ҳамин бачаҳоят даркор мешаванд…» Ту пандашро шунидан нахоста гуфтай: «Ман дигар зану фарзанд надорам. Хотири бачаҳо гуфта бо очаи беморашон умрамро хазон намекунам! Поямро ба он хона намемонам!»

Забонат чи хел ба гуфтани ин суханҳо гашт, падар?! Ин гапатро одами хуни одамӣ дошта шунавад, нафраташ меояд. Ҳайфи ту барин мард!Аз баҳрат гузаштем, падар! Бо зани дуюмат хушбахт бош, номард!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД