arzon replenishment
Марди бевабоз рӯзамро сиёҳ кард
03.03.2022
ОИЛА
3751


Салом «Оила»-и мададрасон. Ман Мавлуда, сокини шаҳри Норак мебошам. Маълумоти олӣ ва ҷойи кор надорам.

Чанд сол қабл бо амри тақдир бо ҷавонмарди шаҳрӣоиладор шудам. Аввалҳо бо шавҳари зебою «современный» доштанам фахр мекардам, вале баъдтар фаҳмидам, ки сахт хато кардаам. «Ёри зебо моли ҳама»-гуфтагӣ барин шавҳарамро ҳамеша аз хонаи маъшуқаҳояш меёфтам.

Пулашро доим ба арӯсбозӣ сарф карда, ману бачаҳоямро нигоҳубин намекард. Найрангҳои ин марди бевабоз ба ҷонам заду билохира ҷудо шудам. Барои рӯёнидани алименти ду фарзандам борҳо ба суд муроҷиат карда бошам ҳам, шавҳарамро гӯё намеёбанд. Дар асл вай ба ягон шаҳри дур нарафтааст, вале аз алимент саркашӣ карда мегурезад.Се сол боз ягон тин алимент нагирифтаам. Ман як чизро фаҳмида наметавонам, чаро баъзе мардони мо ин қадар беномус ҳастанд?

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД