Марди ҳамдеҳаашонро кушта, ҷасадашро ба дарё партофтаанд...
342

Кормандони милитсия дар вилояти Суғд ду сокини деҳаи Янгиқурғони ноҳияи Шаҳристонро бо гумони содир намудани ҷинояти вазнини куштор дастгир намудаанд.

Тавре Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 15-уми декабр рӯй дода, Уктам Зоидови 30-сола ва Шаҳзод Ҷонйигитови 27-сола ҳамдеҳаашон Фаррух Аширматови 36-соларо, ки бо онҳо робитаи хешутаборӣ доштааст, бо 38 зарбаи корд ба ҳалокат расонида, ҷасадашро ба дарёи Сир партофтаанд. Сабаби сар задани куштор ба муносибатҳои пулӣ ва қарз рабт дода мешавад. Яке аз боздоштшудаҳо дар гузориш иддао кардааст, ки гӯё вай ба номи худаш барои Аширматов аз бонк қарз гирифта додааст, вале Фаррух маблағи қарзро сари вақт ба бонк пардохт накардааст.

Гумонбарон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷабрдида мулоқот намуда, ӯро ба яке аз маҳаллаҳои беодами шаҳр бурдаанд, то ҷазо диҳанд ва ин бо куштор анҷом ёфтааст.

Айни замон нисбати Уктам Зоидови 30-сола ва Шаҳзод Ҷонйигитови 27-сола бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми “одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст. Ин банди қонун аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД