Formula novemver 2024
Марде, ки занашро бо болға зада куштан мехост, дастгир шуд
1073

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як марди 34-сола барои таҳдиди куштор хабар додааст. Гуфта мешавад, ки боздоштшуда бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, дар рафти ин моҷарои оилавӣ бо корд ва болға ба зан ҳамла намуда, таҳдид кардааст, ки ӯро мекушад.

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26-уми сенятбр сар зада, байни марди 34-солаи сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ва ҳамсари 33-солааш ҷангу ҷанҷол сар задааст. Дар рафти моҷарои оилавӣ мард дар ҳолати мастӣ занашро аввал зери мушту лагад гирифта, баъдан бо корди хоҷагӣ ва болғаи оҳанӣ ба ҳамсараш ҳамла намуда, таҳдиди куштан намудааст.

Айни замон мард барои таҳдид ба куштор боздошт шуда, алайҳаш бо моддаи 120-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД