Дар шаҳри Душанбе як марди 28-соларо бо гумони сохтан ва паҳн намудани пулҳои қалбакӣ дастгир кардаанд. Дар ин бора мақомоти милитсия хабар додааст.
Кормандони шуъбачаи корҳои дохилии Сино-2 сокини 28-солаи пойтахт Додихудо Саъдиевро бо гумони сохтан ва паҳн намудани пулҳои қалбакӣ боздошт намудаанд.
Аз боздоштшуда дар рафти амалиёт 70 адад купюраҳои 500-сомонӣ, 46 купюраи 200-сомонӣ ва ҳамзамон 9 купюраи пули русии 5000-рубла бозёфт ва мусодира карда шудааст.
Маълум шудааст, ки ҳамаи ин пулҳо қалбакиянд.