Кокоҷон Шавқӣ, як марди афғон бар он бовар аст, ки дигар касе дар Афғонистон мисли ӯ мӯйлаби дароз надорад. Ин мард ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта мӯйлаби худро дароз кардан мехост ва қариб 7 сол аст, ки онро кӯтоҳ накардааст.
“Аз ним метр дароз аст. Кӯтоҳтар кардам, вагарна 2-3 метр мешуд. Ҳар сол 4-5 сантиметр кӯтоҳ мекунам”,- мегӯяд Кокоҷон Шавқӣ. Азбаски мӯйлаби оғои Шавқӣ наздик ба 90 сантиметр аст, онро дар пушти гӯшҳояш мепечонад.
Ба гуфтаи ин мард, на ҳамаи хонаводааш мӯйлаби дарозу печидаи ӯро дӯст медоранд. Бештар аз ҳама фарзандонаш мехоҳанд, ки ӯ мӯйлабашро кӯтоҳ кунад, аммо оғои Шавқӣ ба ин кор розӣ нест, чун мардуми Афғонистон ӯро бо мӯйлабаш дӯст медоранд.