Вақтҳои охир шумораи қаллобоне бо ваъдаи ёфтани кор дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро фиреб дода, пулашонро мехӯранд, хеле зиёд шудааст. Ҳафтаи равон яке аз чунин мардумфиребон ба чанг афтид.
Муродҷон Холматов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, бо ваъдаи ба Корея коркунӣ бурдан аз 11 нафар пули калон гирифтааст. Азбаски Холматов ду маротиба ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта будааст, шиносҳояш ба ӯ бовар карда, ҳар кадом аз 1500 то 2000 доллари пул додаанд.
Муродҷон Холматов ваъда додааст, ки бо ин пул барои муҳоҷирони меҳнатӣ виза мегирад ва ҳуҷҷатҳои дигари барои сафари корӣ лозимаро омода менамояд, вале дар асл маблағро ба ҷайби худ зада, барои манфиатҳои шахсиаш сарф намудааст.
Аз шахсоне, ки нияти ба кишварҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ба Муродҷон Холматов барин шахсон бовар накарда, аз роҳҳои қонунӣ истифода баранд.
Ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан хоҳед, ба Хадамоти муҳоҷират, Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ё Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар сурғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108 ҷойгир аст. Хадамоти муҳоҷират ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон бошанд, дар кӯчаи Айнӣ 121 ҷойгир шудаанд.
Идораҳои мазкур дар асоси қарордодҳои байнидавлатие, ки бо кишварҳои хориҷӣ доранд, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро барои кор ба Русия, Қазоқистон, Британияи Кабир, Туркия, Куриёи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо сафарбар месозанд.