Sebiston new 2024 october
Марде, ки купюраҳои 100-долларии қалбакӣ месохт, ошкор шуд
544

Раёсати корҳои дохилии пойтахт хабар дод, ки шаҳрванд Катамардов Тоиршоҳ Олимшоевич, санаи таваллудаш 21.02.1997, сокини шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳамчун гумонбар барои ба муомилот баровардани асъори қалбакии доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян гардид, ки номбурда асъори қалбакии доллари амрикоиро тавассути як нафар ҳаммаслакаш аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт онро ба муомилот баровардааст.

 

Ба иттилои милитсияи пойтахт, гумонбаршаванда Катамардов Т. бар ивази маблағи қарз ба як нафар ҷавони сокини пойтахт 11-адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ пардохт намуда, ӯро фиреб кардааст.

 

“Ҳамзамон, баъди дастгир гардидан, зимни кофтуков аз ҷайби номбурда 21-адад купюраҳои 100-доллараи қалбакӣ дарёфту мусодира карда шуданд”, - гуфт манбаъ.

 

Айни замон Катамардов Тоиршоҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД