arzon replenishment
Марде, ки дар ҳоли мастӣ мехост худкушӣ кунад, наҷот дода шуд
03.01.2025
ОИЛА.ТҶ
372

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали соли нави мелодӣ аз як қасди худкушӣ дар пойтахт пешгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, 1-уми январи соли 2025, соати 15:21 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе занг задаанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ 130/4, як сокини ин бино қасди худкушӣ дорад ва мехоҳад худро аз ошёнаи 4-уми бино ба зер афканад.

Аз имдодгарон хостаанд, то барои пешгирӣ аз ин қасди худкушӣ кумак кунанд. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, маълум кардаанд, ки ин марди 38-сола дар ҳолати мастӣ канори балкон истодаву намегузорад касе ба ӯ наздик шавад ва таҳдид дорад, ки худро хоҳад кушт.

Наҷотдиҳанда-равоншинос ҳамроҳ бо кормандони милитсия бо мард вориди гуфтугӯ шудаанд. Баъди суҳбату муколамаи зиёд, билохира мардро бовар кунондаанд, ки даст аз ин амал бардорад ва ҳаёташро зери хатару пайвандонашро мотамзада накунад.

Маълум шудааст, ки ин марди ҷавон ба далели мушкилоти хонаводагӣ даст ба ин иқдом задааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД