Солҳои охир шумораи мардони беномусе, ки бо роҳи таҳдиди паҳн намудани аксҳояшон дар интернет аз занону духтарон пул меситонанд, зиёд шудааст. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти боз як марди тамаъҷӯй, ки бо роҳи таҳдид аз занону духтарон пули муфт рӯёнидан мехост, хабар додааст.
Марди бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгиршуда сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд буда, 23 сол дорад. Ба гуфтаи пулис, моҳи апрели соли равон ин ҷавон тариқи Telegram бо як зани 23-солаи сокини ноҳияи Спитамен шинос шудааст. Моҳи сентябр бошад, гумонбаршуда ба шантажи зан шуруъ намуда, таҳдид кардааст, ки агар 50 ҳазор сомонӣ надиҳад, аксҳои ӯро нашр хоҳад кард.
Рӯзи 13-уми сентябр онҳо дар назди меҳмонхонаи «Спитамен» вохӯрда, мард бо таҳдиди паҳн кардани аксҳо аз ҷабрдида 10 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Кормандони пулис ӯро дар ҷойи ҳодиса ҳангоми гирифтани маблағ дастгир намудаанд. Ба сифати далели шайъӣ аз ҷониби кормандони мақомот телефони мобилии тамғаи «Ҳонор-50» мусодира гардидааст.