Ҳунарманди сирки руминӣ Леонардо Косташ риши худро на танҳо барои ороиш, балки барои гузоштани рекордҳои ҷаҳонӣ истифода мебарад.
Ӯ моҳи июли соли 2023 бо қувваи риш ва ҷоғи худ мотосиклеро, ки ҳамкораш Вита Морондел идора мекард, дар муддати 21,33 сония боздошт. Барои ин дастоварди ғайриодӣ ба ӯ лақаби «Ҷоғҳои шер» дода шудааст. Косташ ҳанӯз соли 2019 бо ҳунарнамоии дигар диққати мардумро ҷалб карда буд. Ӯ ҳангоми бо дандонҳояш овезон будан дар як дақиқа 195 маротиба ашёро ба ҳаво партофта, гирифтааст. Соли 2020 бошад, бо ёрии дандонҳояш бори 101,3-килограммаро бардошта, рекорди дигар гузошт.
Косташ ҳамроҳи Вита Морондел боз чандин рекорди муштарак низ гузоштааст. Моҳи январи соли 2024 ҳангоми он ки ҳунарманд сутунеро бо ҳалқаи бузург дар китфаш мувозинат мекард, ҳамкораш дар як дақиқа 61 маротиба бо велосипед давр задааст. Баъдан онҳо дар иҷрои ҳиллаҳои дигар, аз ҷумла гардишҳо дар сутуне, ки мард бо даҳон нигоҳ медошт, ва даврзании ҳамоҳангшуда ҳангоми бо дандон овезон будан, рекорд гузоштаанд.