Агар суд шахсро аз ҳуқуқи падариаш маҳрум карда бошад, ин шахс аз супоридани алимент озод мешавад ё не?
Қ. Салимов
Посух
Бо вуҷуди оне, ки падар тибқи талаботи моддаи 69 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи падарӣ маҳрум гардида бошад ҳам, аз пардохти алименти фарзандони ноболиғи худ озод намегардад, зеро қонунгузор таъминоти фарзандони ноболиғро бар души волидайн вогузоштааст.