Фране Селаки хорватӣ (1929 – 2016) дар як вақт ҳам хушбахттарин ва ҳам бадбахттарин инсони сайёра маҳсуб меёбад.
Ӯ ҳафт бор аз чанголи марг раҳо ёфтааст: пас аз садамаи қатора, суқути ҳавопаймо, садамаи автобус, ду бор таркидани мошинҳояш, баъди задани автобуси шаҳрӣ ва сарозер шудани нақлиёташ аз кӯҳ.
Ҷолиб ин аст, ки пас аз ин ҳама ҳодисаҳо дар 74-солагӣ ӯ аз лотерея як миллион доллар бурд кард. Баъд аз гузашти чанд муддат Фране дарк кард, ки пул инсонро хушбахт намекунад.
Аз ин рӯ, хонаи боҳашаматашро, ки дар як ҷазираи хусусӣ буд, фурӯхт. Тамоми сарваташро байни хонавода ва дӯстон тақсим карда, ҳамроҳи ҳамсараш ба кулбаи одиаш баргашт.