Arzon march 2024
Мард се бор қасам хурад, занаш талоқаш мешавад?
1317


Зиндагии ман бо ҳамсарам ду бор вайрон шуда, аз нав никоҳ карда будем, аммо боз аҳмақӣ карда, шарт гузоштам, ки “агар фалон корро кунам, занам бар ман талоқ”. Ду фарзанд дорам. Алҳол шартро нашикастаам, лекин шояд ягон рўз онро шиканам.

Оё метавонам, ки шарти гузоштаамро ба воситаи ягон садақа ё кори хайр бекор кунам?

Муҳаммад


Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ,
Сардори Раёсати фатвои ҶТ

Бародари азиз, дар ин масъала додани садақа ё анҷоми ягон кори хайр шартро бекор намекунад. Ин охирин имтиёзе ҳаст, ки шумо доред. Кўшиш кунед, ки он амалро анҷом надиҳед ва шарти мондаатонро нашиканед. Дониста бшед, ки агар шарти гузоштаатонро шиканед, ҳамсаратон талоқ шуда, ҳамаи имтиёзҳои шумо тамом мешавад ва дигар ҳақ надред, ки бо ин зан никоҳ ва зиндагӣ кунед. Хонавайрон шудан нахоҳед, ҳушатонро ба сар гирифта, кӯшиш кунед, ки шарти худро нашиканед. Умуман, маслиҳати ман ба мардон ҳамин аст, ки ҳаргиз бо зану фарзанд ва зиндагии оилавиашон қасам нахӯранд, зеро никоҳу талоқ бозича нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД