Кормандони милитсия дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мардеро боздошт намудаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон занашро бо бел зада куштааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилии кишвар хабар додааст.
“Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 2-юми марти соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш зани 52-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо бели хоҷагӣ ба узвҳои баданаш якчанд маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”-омадааст дар хабар.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.