Боз як зани ҷавону зебои тоҷик қурбони хушунату зӯроварии хонаводагӣ гашта, ба дасти шавҳараш бераҳмона кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ин бора хабар додааст.
Ҳодиса дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сар зада, ҷавонмарди 26-сола ҳамсари 24-солаашро дар таҳхонаи манзили истиқоматиашон бераҳмона ба қатл расонидааст. Ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2022 бо духтари 22-солаи сокини ҳамин шаҳр ақди никоҳи мусалмонӣ баста, якҷоя зиндагӣ мекардаанд, вале...
Рӯзи 31-уми август, тахминан соатҳои 14:00-и нисфирӯзӣ ин марди бераҳм бо баҳонаи он ки занаш модарашро дуруст нигоҳубин намекунад, ҳамсари 24-солаашро ба таҳхонаи хонаи истиқоматиашон дароварда, бо рӯймоли сараш занро бӯғӣ карда куштааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.