Sebiston new 2024 october
Мард ҳақ надорад, ки баъди марги занаш зани дигар гирад?
02.09.2024
ОИЛА.ТҶ
2041

Салом! Ман як марди 65-сола, мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ману ҳамсарам дар вақташ ҳамдигарро дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат хонадор шуда будем. Ҳамсарам бисёр инсони хуб ва зани ҳунарманду меҳрубон буд, аз ҳамин хотир натанҳо ман, балки тамоми хешу таборам низ ӯро самимона дӯст медоштанд ва янгаҷон мегуфтанд. Хулоса, зиндагии хушбахтона доштем ва бо меҳру муҳаббати зиёд шаш фарзандро тарбият намуда, ба камол расонидем. Духтарҳоро бо обрӯ ба шавҳар додем, ба писарҳо келин фароварда, наберадор шудем. Давраи давлати пирӣ ронданамон нав сар шуда буд, вале бо хости худованд ҳамсарам ба бемории саратон гирифтор шуд. Пулу моли бисёре сарф намуда, занамро дар ба дари беморхонаҳо мегардондам, аммо ҷонашро бо ягон роҳ харида натавонистам. Ин дарди бедаво амонаш надод ва дар байни шаш моҳ аждари марг ӯро ба коми худ фурӯ кашид.

Пас аз марги ҳамсарам дунё дар назарам тираву тор гашт. Фарзандон, келину набераҳоям мудом дар барам бошанд ҳам, худамро ҳамеша яккаву танҳо ҳис карда, азоб мекашам.

Сари соли раҳматии оилаамро додем ва ман барои аз даҳшати танҳоӣ раҳоӣ ёфтан мехоҳам дубора оиладор шавам, аммо фарзандонам ин гапро шунаванд, девона мешаванд. Ҳамаашон ду пояшонро ба як мӯза андохта, “шарм доред падар, охир шумо чанд келину домод доред. Ҳар хизмате лозим бошад, худамон мекунем. Зан ба шумо чӣ даркор?! Шумо зан гиред, хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо ба ҳоли мо механданд” гӯён, зид баромада истодаанд. Мегӯянд, ки ба ҷойи модарашон зани дигарро дар ин хона дидан намехоҳанд...

Шукри худо вазъияти иқтисодии ман хуб аст, синну солам ба 65 расида бошад ҳам, то ҳол кор мекунам. Майлаш, ба ин хона омадани зани дигарро нахоҳед, ман хонаи алоҳида мегирам ва занамро ба он ҷо мебарам мегӯям, аммо ин пешниҳодамро низ қабул намекунанд. Намехоҳанд, ки ман хонаи нав хараму баъди сарам он хона на ба фарзандонам ва фарзандони онҳо, балки ба зани навам монад...

Хулоса, сари калобаамро гум кардаам. Намедонам бо кадом роҳ ба фарзандонам фаҳмонам, ки ман дар марги модари онҳо гунаҳкор нестам, тақдиру насиб чунин будааст. Магар мард ҳақ надорад, ки баъди сари занаш бо зани дигар оиладор шавад?

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М. С., аз шаҳри Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД