Шурӯъ аз имрӯз маоши кормандони як қатор муассисаҳои буҷҷавӣ зиёд карда мешавад.
Аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб -интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад. Чунин омадааст дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 9 январи соли 2024.
Бояд гуфт, ки маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад.
Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла хона — интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон, шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Дар асоси фармони мазкур, инчунин маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо низ 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 40 фоиз зиёд мегардад.