Маоши кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?
15.01.2026
Oila.tj
60

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 14-уми январи соли 2026 фармонро дар бораи зиёд кардани маош, нафақа ва идрорпулиҳо имзо намуданд. Дар асоси ҳуҷҷати мазкур аз 1-уми сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандони идораҳои давлатӣ, нафақаи солмандон ва стипендияи донишҷӯён аз 15% то 25% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 1000 ба 1300 сомонӣ мерасад.

Аз моҳи сентябри соли 2026 маош дар соҳаҳои зерин боло меравад:

музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 25% баланд мешавад.

Маоши кормандони муассисаҳои дигари соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 20% зиёд мешавад.

Маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хидматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои дигари буҷетӣ 20% меафзояд.

Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20% (893 сомонӣ) муқаррар мешавад.

Стипендияи донишҷӯён, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) ба андозаи 20% зиёд карда мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо на камтар аз 15% зиёд мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД