formula feb 2025
Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби милливу умумибашарӣ
240

Имрӯз, 13-уми декабри соли 2024 дар Кохи фарҳанги Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи "Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби милливу умумибашарӣ" баргузор гардид.

Дар кори конфронси илмӣ профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Данғара ва муҳаққиқону донишмандон аз кишварҳои гуногун ба тариқи маҷозӣ иштирок намуда, дар бораи саҳми Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди адабиёт, фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ суханронӣ карданд. Ҳадафи асосии конференсия нақши шахсияти бузурги Мавлоно ва муаррифии арзишҳои инсонӣ, сулҳ ва ваҳдати башарӣ мебошад.

Дар рафти чорабинӣ маърӯзаҳо дар бораи таъсири осори Мавлоно ба афкори фалсафии ҷаҳонӣ, таъсири "Маснавии маънавӣ" ба адабиёти шарқу ғарб ва иртиботи фарҳангии ӯ бо дигар тамаддунҳо пешниҳод шуданд. Ҳамчунин, иштирокчиён масоили ҳифз ва таҳқиқи бештари мероси адабии ӯро баррасӣ карданд.

Ин чорабинӣ имконияти муҳиме барои рушди робитаҳои илмӣ, табодули афкор ва эҳтироми бештар ба фарҳанги миллӣ фароҳам меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД