Sebiston new 2024 october
Мантуи “Гулхонум”
925

Маҳсулоти лозима:

Барои хамир: 1 дона тухм, 300 мл об, 500 грамм орд. Барои қимма: 500 грамм каду, 500 грамм пиёз, намаку мурч мувофиқи табъ, 60 грамм равғани маска.

Тарзи таҳия:

Хамирро чанд дақиқа дар яхдон гузоред. Ба тоба каме равғани растанӣ рехта, каду ва пиёзи резашударо 3–5 дақиқа зирбонед. Сипас, равғани маска, намак ва қаламфурро ба он илова кунед. Хамирро аз яхдон гирифта, тунук кунеду онро ба таври тасмашакл дароз-дароз бурида, дар ҳар як буридаи он аз қимаи омодашуда гузоред. Паҳлуи хамири буридаро ба паҳлуи дигар маҳкам карда, сипас аз канори дарози он мисли гули садбарг печонед. Ба варақҳои мантупазак равған молида, мантуҳоро чинед ва 45 дақиқа ҷӯшонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД