arzon replenishment
Мансур: Шабнам медонад, ки ман арӯсбоз нестам!
5563

Зан аз нигоҳи мард
Мансур Нигматов:
Ман маъшуқабоз нестам!
Маълумотнома:
Ному насаб: Нигматов Мансур Баротович

Соли таваллуд: 1985
Ҷои таваллуд: ш. Душанбе
Ранги дӯстдошта: нилобӣ
Вазифа: Роҳбари маркази продюсерии “Тojikon HOLIDAY” ва директори “Кохи Суруш”

-Мансур, таърихи шиносоии шумо ва Шабнам гумонам хеле аҷиб аст. Ҳарчанд Шабнам каму беш нақл кард, аммо муфассалтар мегуфтед. Дар куҷо ва чӣ гуна шинос шудед?

-Соли 2008 ё 2009 буд, ки дар кадом толор консерти ҳамаи сарояндаҳо баргузор мегашт. Ман, ки он вақт продюсерии чандин сарояндаро бар ӯҳда доштам, баногоҳ он ҷо Шабнамро дидам. Баъде, ки ӯро дидам, дигар аз Шабнам чашм канда натавонистам. Бовар мекунед, ҳусни Шабнам ҷозибае дошт, ки ман натавонистам аз ӯ чашм канам. Баъдан ӯ маро дид. Рафтаму салом кардам, гап задем ва баъди чанд муддати шиносоӣ тӯй карда, соҳиби се фарзанд шудем.

-Аз зиндагии якҷоя чанд фарзанд доред?

-Се фарзанд дорам, шукр! Духтарам Сумаяҷону Сафияҷон ва писарам Муҳаммадҷон.

-Баъди оиладор шудан оё наздиконатон эрод намегирафтанд, ки Шабнам аз ӯҳдаи иҷрои ин ё он кор намебарояд ё келин табъи дили мо нест?

-Не. Баръакс ҳама кору рафтораш ба ману хонаводаам писанд буд. Шабнам хонаро тозаву озода нигоҳ медораду ҳанӯз субҳи барвақт хеста, наҳории болаззат омода мекунад. Зиндагии ману Шабнам хеле ширин аст ва умед дорам, ки то охир ҳамин гуна идома хоҳад кард.

-Зиндагӣ бо зани зебову машҳур чӣ душворӣ дорад?

-Ростӣ, агар ба зан аҳамият диҳӣ ва аз бари худ дур нигоҳ надорӣ, ягон хел мушкилие пешорӯят намебарояд. Аз ҳамин сабаб, ман ҳамеша фахр мекунам, ки мисли Шабнам зани зебову соҳибистеъдод дорам. Зани ман кони истеъдод асту ҳунар ва ҳам духтараки оқила аст. Барои ҳамин, ягон хел душворие надорем.

-Шунида будем, ки шумо шахсан худатон барои бону Шабнам аз хориҷа либоси қимматбаҳо харидорӣ карда, янгаро хеле эрка ҳам карда будаед?

-Не, бо ин роҳ зан эрка намешавад, балки ӯ ба шавҳараш бештар меҳр мебандад. Шабнам худаш одати эркагиву қаҳркунӣ надорад.

-Ба серкории худ нигоҳ накарда, барои аҳли оила хӯрок ҳам мепӯхтаед. Ин вазифаро аз Шабнамбону ба пуррагӣ гирифтаед ё аз рӯи завқу дӯстдорӣ?

-Ман ошпази нестандарҷаҳонам ва бисёр хӯрокҳои аҷоиб омода мекунам, ки ба ҷуз худам ҳеҷ кас номи онҳоро талаффуз карда наметавонад.

-Масалан, чӣ мепазед?

-Кулярҳои итолиёиву ҷопонӣ, угрои махсус, қурутоби дастӣ, лағмон ва ҳатто дар танӯр нон ҳам мепазам. Ба ғайр аз нони чапоттӣ, дигар ҳама намуди нонҳоро дар чакдон пӯхта метавонам.

-Аз кор, ки дер оед, боиси рашки янга намешавад?

-Зани ман бадрашк нест. Ӯ маро мефаҳмад.

-Шумо ҳам нафари шинохтаед ва мухлисони худро доред. Бо занҳо низ бисёр кор мекунед. Дар ин ҳолатҳо муносибати ҳамсаратон бо шумо ва бо ана ҳамон занҳои ҳамкоратон чӣ гуна аст?

-Хислати духтарбозӣ ва аз ҳама муҳимаш маъшуқабозии пинҳонӣ надорам. Шабнам бароям се фарзанди дустрӯяк туҳфа кардааст ва ман чӣ хел дидаву дониста, ба ӯ хиёнат мекунам? Асло ба ин кори зишт даст намезанам.

-Пеш аз оне, ки Шабнамро ба ҳамсарии худро интихоб кардед, чӣ барои шумо муҳим буд? Зебоияш, мансаби падараш ё соҳибмаълумот буданаш?

-Соҳибмаълумот будану ҳусни зебояш ба ман муҳим буд. Ба мансаби падараш умуман кор надорам.

-Росташро гӯед, аз кадом кори янга бештар асабӣ мешавед?
-Вақте занг зада, мегӯяд: “Алло, Мансурҷон. Шаб аз нисф гузашт, шумо кай ба хона меоед? (механдад)

-Аз ҷавобҳоятон маълум аст, ки янгаро дӯст медореду аз интихоби худ розиед. Хато накардем?

-Маҳз Шабнам боиси хушбахтии ман шуд. Чӣ хел ман дӯсташ надорам?!

-Дар ҳама оилаҳо новобаста аз оне ки зану шавҳар ҳамдигарро дӯст медоранд, ҷангу ҷанҷол рух медиҳад. Дар ҳолати сар задани муноқишаи оилавӣ дар хонаи шумо кӣ аввалин шуда оштӣ мекунад?

-Ҷанг шавем ҳам, ман аввалин шуда барои оштӣ кардан бо ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳам. Як одати маро Шабнам хеле дӯст медорад. Вақте қаҳрӣ мешавем, зуд ӯро оғӯш карда, механдонам. Ин сабаб мешавад, ки дар як дақиқа оштӣ шавем. Ба ҷавонон низ маслиҳат медиҳам, ки вақте дар байни зану шавҳар нофаҳмӣ мешавад, бояд ҳар ду ҳам вазнин шаванд. Калонсолон беҳуда нагуфтаанд, ки санги вазнинро об намебарад.

-Мансурҷон, мабодо занкалон набошед?

-Не. Ин хислати ман набуд ва нахоҳад шуд. Ҳурмату эҳтироми зан дар пеши фарзандон ояндаи онҳоро дурахшон мегардонад. Мо ҳамдигарро мефаҳмем ва ин боиси хушбахтиамон аст.

-Тасаввур кунед, ки янга пагоҳ зодрӯз дорад. Барояш чӣ тӯҳфа мекунед?

-Аз бӯсаи франсӯзӣ сар карда, то дастагули дорои 101 садбарг ва беҳтарин суханҳои хубу сюрпризҳои олиҷанобро барояш ҳадя мекунам.

-Таманиёти шумо ба мардуми тоҷик ва мухлисонатон.

-Дуо мекунам, ки Худованд аз офатҳое, ки ҷаҳонро ба шигифт андохтааст, ҳамаи мо тоҷиконро дар паноҳаш эмин нигоҳ дорад ва мардуми сарбаланди мо ҳамеша хушбахту сиҳатманду хонаобод бошанд.

-Ташаккур барои суҳбат! Муваффақ бошед!

- Раҳмат Рустамҷон! Ба аҳли эҷоди “Оила” барор мехоҳам!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД