... Дар охир гапамон ба хостгории ду бародари дугоник, Тоиру Зоир қарор гирифт, ки онҳо аз оилаи хуб буданду хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ. Қудошавандаҳоро чанд бор меҳмон кардем ва ба ҳамдигар мисли хешу табор ҳам шудем. Маслиҳат буд, ки баъди каме ба эътидол омадани вазъ ва аз байн рафтани вабои навбаромад тўй мекунем, вале…
Қиссаи мазкурро ба таври пурра аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед!
Мубориз Усмонов: 400% хушбахт ҳастам!
...-Ҳамдигарро шунавидаву фаҳмида тавонистан даркор аст. Масалан, хӯроке ҳаст, ки ман онро дӯст медорам, аммо ҳамсарам не ва ё баръакс. Барои ба мувофиқа расидан бояд хӯрокеро интихоб кард, ки ба ҳар ду тараф писанд ояд...
Розҳои оиладории ровии шинохта Мубориз Усмоновро донистан мехоҳед? Пас шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила”-ро пайгирӣ намоед!
Хиёнат: Рустам аз телефони ҳамсараш аксҳои урёни ӯро бо марди дигар пайдо карду...
...Соли 2014 Рустам огоҳ гашт, ки ҳамсараш ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани ӯ бо нафари дигар пайваста ишқварзӣ карда, муносибатҳои маҳрамона доштаву ба Рустам хиёнат мекардааст. Шабнам ин ҳолатро дар ҳузури волидони худу шавҳараш ба пуррагӣ тасдиқ карда, иқрор шудааст, ки ҷавон ишқи аввалинаш аз ноҳияи Вахш мебошад ва дар Душанбе хонаеро харидорӣ кардааст, ки мунтазам дар он ҷо вохӯрда, ишқварзӣ мекарданд...
Парвандаи оилавии Рустам ва Шабнам ҳанӯз ба анҷом нарасидааст ва баҳсҳои судӣ идома доранд. Барои бо мавзӯъ бештар ошноӣ пайдо намудан, ҳафтаномаи “Оила”-ро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо пурсон шавед!
Мадина Ақназарова: Падарамро ҳурмат мекунам, аммо дӯст намедорам!
...“Вақте ки инсон дар зиндагиат иштирок мекунаду дар канорат аст, он вақт метавон дӯсташ дошт. Маҷбуран касеро дӯст дошта намешавад”,-мегӯяд, овозхон бо дидаи гирён ва иқрор мешавад, ки нисбати падараш ҳисси дӯстдорӣ надорад, аммо ӯро ҳурмат мекунаду омода аст, ки барояш кори аз дасташ меомадаро бикунад. Ба гуфтаи Ақназарова, феълан падараш оиладор буда, дар Помир зиндагӣ мекунад...
Аз ба коронавирус гирифтор шудани Анита Сой, чанд маслиҳати Нигина Амонқулова ба мардуми тоҷик то ҷаримабандии овозхони ҷавони тоҷик ва ба ваъдааш вафо кардани Озода Нурсаидова дар саҳифаи “Ситорарез”-и ҳафтаномаи “Оила”.
Намир, модарам намир..
... -Ҷонамро бихар, ҷони оча. Як умр ғуломи зану бачаҳоят мешавам. Як хона нонхӯри дигар дорам, азизи оча. Як бало кун. Дигар мадорам намонд,- садои модарам хеле раҳмовару ҷонхарош буд. Бародарам дар ҳоле, ки оби дидаашро нигоҳ дошта наметавонист, ҷуссаи наҳифу абгори модарамро озод дар оғӯшаш гирифту рӯйи кат нишаст... “Модаракам мисли парандаи захмии тирхӯрда пойҳояшро ғунча карда буд ва дар оғӯши бачаи калонияш метапид.”...
Овозхони шинохта Зиёвиддини Нурзод дар рӯзи марги модараш чанд хотираеро аз лаҳзаҳои охирини зинда будани модараш навиштааст, ки онҳоро аз шумораи тозанашри ҳафтаномаи “Оила” пайдо намуда метавонед!
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи «Оила» бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба «Оила» занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ:
238-52-52
«Маро танҳо нагузор»
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм пайдо кунед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед? Умри инсон хеле кӯтоҳ аст, онро дар танҳоиву ноумедӣ нагузаронед. Шитобед, бахти худро пайдо намоед. Маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Рӯзҳои қабул: чоршанбе (аз соати 9.00 то 12.00) ва ҷумъа (аз соати 14.00 то 17.00). Суроға: хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 16, бинои «Шарқи озод», ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи «Оила». Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бо воситаи маҳфили шиносоии «Маро танҳо нагузор» беш аз 200 нафар оила барпо карданд ва хушбахтанд.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон «Оила» рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!