Formula novemver 2024
Ман қотилам, мардум….(ҚИСМИ 2)
29.10.2021
ДИЛОШӮБ
2549

                                   Қотил

Худи ҳамон рӯз ба маслиҳати кампираку ҷангу ҷанҷолаш, ки як умр дар фироқи бефарзандӣ месӯхт, гӯш накарда, ба духтур рафтам ва исқоти ҳамл намудам. Аз духтурзани яҳудӣ хоҳиш кардам, ки пораҳои фарзандамро ба ман диҳад, зеро намехостам ӯро чун партов ба партовгоҳ партоянд. Духтур бо тааҷҷуб гӯштпораҳои хунолудро дар латтачае печонида, ба ман дод. Ман онҳоро ба рӯймоли сарам печонида, ба сумкаам мондаму баъди чанд соат ба хона баргаштам, кампирак дар ҳуҷрааш худашро қуфл карда, бо ман гап намезад. Ҳамон шаб Сафар бо дастовези зиёде омада, маро дилбардорӣ карду рафт. Шаб аз нима гузашта буду хобам намеомад, рӯймоламро, ки дар он ҷисми пора-пораи ҷигарбандам мехобид, ба даст гирифта, зор-зор гиристам. Шура-хола гиряҳои зор-зори маро шунида, наздам омад ва рӯймолро аз дастам гирифта, ба берун баромад, ман низ аз пасаш баромадам. Ҷисмаки нозуку пора-пораи фарзандамро мо ду нафар як пири насронӣ ва як бонуи ҷавону беимони мусулмон зери чинори назди бинои истиқоматӣ гӯр кардем. Шура-хола бо корди гӯштмайдакунӣ заминро чуқур кофту рӯймолро он ҷо гузоштем, рӯяшро хок пӯшонида, сангеро ба рӯяш гузоштам. Аз ин ҳодиса нуздаҳ сол сипарӣ гашааст, Шура-хола ин дунёи фониро тарк гуфта, хонаю дарашро ба номи ман кард. Сафар низ баъди даҳ соли вохӯриҳо маро зани дуюм карда гирифт, зеро ба муҳаббати покам боварӣ кард. Имрӯз ман ҳама чизро дорам, ду писари нозанин, шавҳар, хонаю дар, мансабу мошину пулу сарват, вале рӯҳаки саргардони нахустфарзанди бо дастони худ куштаам маро ором гузоштанӣ нест. Ҳар шаб ман писарчаеро хоб мебинам, ки бо даҳони пури хун аз байни хуну халафу ифлосиҳо, дастакони нозукашро сӯям дароз карда, чиррос мезанад: Оча, очаҷон, маро гир. Баъзан ӯ бо дастчаҳояш доманамро чунон мустаҳкам медорад, ки халос нахӯрда, тарсидаю дод зада, бедор мешавам. Он чинорро низ кайҳо буридаанду аз рӯи гӯри фарзанди ман пиёдароҳа мегузарад, ҳар гоҳе мебинам, ки анбӯҳи одамон аз болои он мегузаранд, гиряи ҷонхароши тифлона гӯшҳоямро кар мекунад. Намедонам дардамро ба кӣ гӯям, хӯрдани ҳабҳои таскинбахшу хайру садақаи зиёдам ба хонаи ятимону маъюбон ҳам наметавонад дардамро сабукӣ бахшад, метарсам, ки девона мешавам…

Шояд кушодани ин асрор дар назди шумо хонандагони азизи «Оила» дардамро каме сабук гардонад, беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри одамро одам мегирад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД