Александр Толмачев, аъзои комитет оид ба нақлиёт ва рушди сохтори нақлиётӣ, ки расман аз "Единая Россия" намояндагӣ мекунад, назари худро доир ба хатарҳои манъи қабули муҳоҷиронимеҳнатӣ барои кор дар таксӣ ба rg.ru иброз намудааст.
Ин депутати рус гуфтааст, ки манъ кардани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати ронандаи таксӣ, вазъи бе ин ҳам душвори соҳаи нақлиёти ҷамъиятиро боз ҳам душвортар мегардонад.
Толмачев зимни сӯҳбат бо журналистони рус ба норасоии кадрҳо ишора намуда, аз ҷумла гуфтааст:
“Бе ин ҳам дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ норасоии шадиди кадрҳо вуҷуд дошт. Бо манъ шудани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати таксист ба кор вазъият боз ҳам мураккабтар мегардад, зеро талабот ба таксӣ рӯз то рӯз зиёдтар шуда истодааст, омадани ронандагои нав бошад, торафт камтар мешавад. Маҳдуд кардани қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба сифати ронандаи таксӣ боиси он мегардад, ки интизории мусофирон боз ҳам бештар тӯл кашад.”
Александр Толмачев аз қонун дар бораи таксӣ, ки моҳи сенятбри соли равон қабул шуда буд, ёдовар шуда, гуфтааст, ки дар қонуни мазкур талаботҳо нисбат ба ронандагони таксӣ хеле возеҳ нишон дода шудаанд. Мувофиқи ин қонун ронандагони таксӣ барои роҳат ва сиҳату саломат ба манзил расонидани мусофирон ва дар тӯли сафар таъмин намудани амнияти онҳо муаззаф мебошанд. Бар замми ин, маълумотҳои зарурӣ дар бораи тамоми ронандагони таксӣ дар реестри умумӣ мавҷуд буда, депутат дар масъалаи таъмини бехатарии мусофирон ягон душвориро намебинад.
"Ман фикр мекунам, ки ҳамин чорчӯбаи қонунӣ барои ба низом даровардани фаъолияти ронандагони таксӣ кифоя аст. Дар масъалаи таксистҳои муҳоҷир бошад, ба андешаи банда, мо бояд танҳо ба забономӯзии онҳо ёрӣ расонем ва барои мутобиқ шуданашон ба муҳити нав кӯмак намоем”-гуфтааст ин депутати рус.
Ёдрас мешавем, ки аллакай чандин минтақаҳои Россия, аз ҷумла Магадан кор кардани муҳоҷирони меҳнатиро ба сифати таксист расман манъ карданд. Дар Челябинск ва Тюмен бошад, муҳоҷирон метавонанд як соли дигар, яъне то охири соли 2024 ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд.