Arzon march 2024
Ман фарзанди ҳаромиям?!
7742


Салом “Оила”-и дардошно! Иҷозат медиҳед, ки дарди диламро пешкаши хонандагонат гардонам? Мутмаинам, ки навиштаи маро бетарафӣ накарда, рӯи чоп меоред. Мақсади нашри ин матлаб дар он, ки дар зиндагӣ мисли ман фиреб нахӯранд ва кӣ ва чӣ гуна будани падару модарашонро шиносанд.

Ман фарзанди ҳаромиям. Инро дертар фаҳмидам. Модари сабукпойи ман бе никоҳи мусулмонӣ маро ба дунё оварда, бахти чандин мардони оиладорро бо ақли касофатбораш теша задааст. Хурд будам, ба чизву касе сарфаҳм намерафтам. Чашм кушодаму бепадар буданамро дарк кардам. Аксари шабҳо хоб медидам, ки падарам ба суроғам омадааст, аммо чашм кушода боз худамро танҳо медидаму ҷигарам хун мегашт. Ғами бепадарӣ афгорам карда буд ва маҷбур шудам, ки бо лаҳҷаи кӯдакона ба модарам рӯ оварда бигӯям: Оча, ман ота дорам?! Аммо модарам мӯҳри хомӯшӣ ба лаб зада, чашмонашро мегурезонд ва мудом суоли маро беҷавоб мегузошт. Қатраҳои ашк чун борон аз дидаҳоям мебориданду суоламро аз касе посух ҷуста наметавонистам. Ҷигархун аз он мешудам, ки калон шавам ба кӣ монанд мешуда бошам?! Оё падари ҳақиқиям дар қайди ҳаёт аст ё на? Вақте болиғ шудам, ҳамашро рӯи об баромад. Модари сабукпои ман зиндагии чандин мардонро вайрон карда, шабҳоро дар дискокулубу кӯчаҳо саҳар карда мегарштааст. Инро як ҳамсояамон, ки солиёни зиёд рафтори модарамро медонистааст ба ман қисса кард. Аламовараш он, ки барои як тика нон шуда ба корҳои ҳаром даст мезадаасту бо мардони зиёд ҳамхоба мегаштааст. Ман духтари як фоҳишаи қади кӯча будаам. Ҳама ба ман бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд ва ҳамин,ки аз пешашон гузарам ғайбатро сар мекунанд. Ин ҳама подоши амали касофатбори модарам будаасту мани сода аз ин чиз хабар надоштаам. Ба қавли ҳамсоязани солхӯрда ман падари аслӣ надоштаам. Модарам ба ин зан дарди дил карда гуфта будааст, ки Нилуфари ман намедонам аз кадом дӯстдоштаам ба дунё омадааст. Яъне ман аз камари кӣ ба дунё омадаам, модарам намедонистааст. Пас аз шунидани ин суханон аз модарам рӯй тофтам, аниқтараш нахостам, ки бо ӯ дар як хона умр ба сар барам. Охир , ки мехоҳад бо модари фоҳишааш беномусона зиндагияшро идома диҳад? Ман на модарамро бахшида натавонистам, ва ба рӯзе ки хонаашро тарк кардам ба рӯяш нигоҳ карда гуфтам: Худованд ҷазои ҳама корҳои бадатро диҳад. Касифии ту сабаб шуду бараккат аз хонамон гум шуд. Ба чӣ коре, ки аз рӯзи аввали ба дунё омаданам даст задам, омад накард. Ин ҳама кассофатии ту аст, дигар Нилуфар духтар дорам нагӯй. Ман аз баҳрат гузаштам. Модарам фикр мекунед, ки баъди шунидани суханаонам гиря карду ашки пушаймонӣ рехт? На, қоҳ-қоҳ зада ханда зад ва шарм надошта гуфт: ба куҷое меравӣ чор тарафат қибла, ма барои худам зиндагӣ кардам на барои бибиву бобоят!

Хонандагони азиз! Пас аз ин шунидаҳо ман чӣ гуна метавонам ба рӯи ин зани морсифат нигоҳ карда оча гӯям? Албатта медонам,ки шумо маро ҷонибдорӣ мекунед вале метарсам, ки тақдири ин зан, ки ба модар гуфтанам забонам намечаспад ба сарам ояд. Айни ҳол дар хонаи бобову бибиям дар н. Рӯдакӣ зиндагӣ дорам вале аз оламу одам дилам мондааст. Одамгурезу руҳафтода шуда мондаам. Чӣ кор карданамро намедонам. Фикри худкушӣ дар сарам борҳо омада бошад ҳам вале хотири бибиву бобои пирам аз ин роҳ даст кашидам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед!
Нилуфар

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД