Arzon march 2024
МАЛИКИ ДАҲЗАНА
3523

Малика телефонро беҳолона ба замин патофта, якбора бо садои баланд ба нола даромад: «Эй войе, шӯяки меҳрубонам, бе ягон касал мурдааст…»

Ҷавонзани олуфта рӯю мӯяшро канда нола мекарду рангҳои сиёҳу кабуду маллаи қалам ва тену туши чашмонаш бо оби дидааш омехта шуда, ба рӯяш мешорид ва чеҳраи мисли барф сафеду зебои Маликаро ба шӯразор табдил медоданд. Симои ин зани аламзада ин лаҳза ба назар ҳам бисёр хандаовар ва ҳам риққатангез менамуд.

Лола апааш Маликаро ба оғӯш гирифта, тасалло медод, ки қисмат чунин будааст, ин қадар худашро обу адо накунад, вале бо шунидани ин суханон як алами Малика сад алам гашта, садои гиряи ҷонсӯзаш боз ҳам балантар мешуд.

- Апа, дар кунҷи хона гиряву нола карда шиштанат фоида надорад. Беҳтараш рафта дасту рӯятро шӯю ягон либоси мотамӣ пӯшида, ба сарат рӯймоли сафед парто, ҳадуямон ба ҷанозаи язнаам меравем, - Лола аз китфи Малика гирифта, ӯро ҷониби ҳамом буданӣ шуд.

- Боз зани якумаш мӯю рӯямро канда, маро дар байни мардум шарманда накунад?, - ташвишомез гуфт Малика, ки аз рафтан ба хонаи палонҷаш ҳарос дошт.

- Э нее, наход дар рӯзи ҷаноза ҳам рӯйканию мӯйканӣ кунад! - даст афшонд Лола.

Онҳо либоси мотамӣ ба бар карда ба хонаи зани якуми Малик равон шуданд. Малика то имрӯз бехабар буд, ки барои шавҳари булҳавасаш зани даҳум  аст. Ин ҷавонзани танноз гумон дошт, ки ҳамсараш ба ғайр аз ӯ боз як зани дигари қишлоқӣ дораду халос, вале вақте ба хонаи палонҷаш расид, дид, ки дар атрофи тобути Малик занҳои зиёде ҳалқа зада нишастаанд ва ҳар кадомашон «вой шӯяки пулёбамееее» гӯён, гиря доранд.  

Ҳамсари қонунии Малик, зани калонсоли пичасафед рӯймоли сафед дар сар гоҳ нола мекарду гоҳи дигар бо нафрат ба нуҳ зани дигар, ки дар марги шавҳари ӯ бо алам нола доштанд, назар афканда, лаб мегазид. Рашки беамон ҳатто дар рӯзи ҷаноза низ ӯро ҳеҷ ором намегузошт. Шайтон ҳар замон васваса мекард, ки хеста мӯю рӯйи ин беваҳои шавҳардуздро канда гирад, вале….

Сайёди «чӯҷаи парӣ»

Малик ронандаи камаз буд ва зуд - зуд ба ноҳияҳои дурдаст сафар мекард. Вай аз давраи ҷавониаш бисёр булҳавас буд ва баробари дидани зани зебо дар як дам ошиқи зор гашта, кӯшиш мекард, ки бо кадом роҳе набошад, он «чӯҷаи парӣ» - ро ба домаш андозад. Ба хотири ба даст овардани дили зани зебо Малик ба ҳама кор қодир буд ва зарур ояд, ҳатто бо китоби муқаддасти "Қуръон" қасам мехӯрд, ки зан надорад ё ҳамсараш ким - кайҳо аз олам гузаштааст.

Худо ба ин ҷавонмарди булҳавас қаду қомати базеб, китфу бозуи рустамона, чашму абрувони пайвастаи сип - сиёҳ ва чунон забони гӯё дода буд, ки ба қавле морро аз хонааш баровада, дар як дам дилхоҳ нозанинро ба гап медаровард.

Ошиқи ду хоҳар

Дар вақташ Малик ба Зулола ошиқи зор шуда, бо муборизаҳои зиёде ӯро ба занӣ гирифта буд. Аз ҳамин хотир зан дилпур буд, ки шавҳараш ба рӯйи ягон зани дигар нигоҳ намекунад, вале хаёлаш хом баромад. Ҳанӯз аз тӯяшон як сол нагузашта, Малик ба духтари холаи занаш чашм ало кард.

Зулола барои Санам мисли апа бошад ҳам, ин духтари беақл ба рӯйи ӯ по гузошта, мудом бо язнааш сайру тамошо мерафт. Оқибати Варзобравию кабобхӯриҳо ҳамин шуд, ки Санами 18 - сола аз шавҳари духтари холааш ҳомиладор шуда, шиками дамидааш ба назар намоён гашт.

Аслан Малик ин духтари беандешаро ба занӣ гирифтанӣ набуд. Ӯ танҳо мехост, ки ҳамроҳаш айшу ишрат карда гардад, вале вақте Санам ҳомиладор шуд, модараш таҳдид намуд, ки вай ин корро ҳамту намегузорад. Малик аз тарси ба маҳбас афтидан ночор ба ҳаққу ҳамсояҳо як дег ош дода, Санамро никоҳ карда гирифт.

Зулола, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор набуд, қаҳр карда ба хонаи модараш рафт, аммо волидонаш «мардак аст, ягон ҷояш кам намешавад, сад зани дигар гирад ҳам, зани қонуниаш ту ҳастӣ» » гӯён, ӯро дубора ба хонаи шавҳараш оварда монданд.

Дузди зӯр соҳиби молро мебандад

Санам аз Зулола хурд бошад ҳам, бисёр духтари маккор буд. Бо мақсади худашро ширин кардан, вай тез - тез ба хусуру хушдоманаш куртаю ҷома ва дигар туҳфаҳои зебо харида, дар дили пиру кампир торафт бештар ҷо мешуд.

Падару модари Малик аз келини дуюмашон розӣ буданд ва мудом Зулоларо насиҳат мекарданд, ки палонҷаш ба ӯ бегона не, духтари холаи худаш аст, бо ҳамдигар муросо карда, мисли апаю хоҳар бо сулҳу салоҳ зиндагӣ кунанд. Зулола базӯр деви рашкро дар дилаш саркӯб намуда, худашро маҷбур мекад, ки бо Санам мисли апа рафтор кунад, вале духтархолааш аноӣ набуд.

«Дузди зӯр соҳиби молро мебандад» гуфтагӣ барин, Санам мудом ба сари Зулола дӯғ зада, чунон рафтор мекард, ки гӯё на вай, балки Зулола шавҳари ӯро кашида гирифта бошад. Малик як шаб бо Зулола бошад, се - чор шаби дигар бо Санам буд. Ин рафтори шавҳараш ба дили Зулола мисли ханҷар мехалид, вале ба лаб мӯҳри хомӯшӣ зада чизе намегуфт.

Ҳамин хомӯшию сустии ҳамсари қонуниаш Зулола боис гашт, ки Малик ба қавли кампиракон «мазахӯрак» шуда, дар болои занаш қариб ҳар сол як зани нав мегирифтагӣ шуд…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД