Arzon march 2024
Мактабҳои Тоҷикистон 12-сола мешаванд?
1999


Ҳар як ислоҳоте, ки ҷорӣ карда мешавад, пеш аз ҳама бояд амиқ таҳлил ва баррасӣ гашта, банақшагирии аниқ дошта бошад. Барои ҷорӣ кардани низоми таълими 12- сола бояд инфросохторҳои лозима муҳайё карда шаванд-ин нукута зимни ҳисоботи шашмоҳаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.

Икром Субҳонзода, Раиси ин ниҳод дар идома иброз дошт, ки дар сурати ба низоми таълими 12-сола гузаштан пешакӣ бояд тамоми раванди таълим мавриди таҳлил қарор гирифта, музди меҳнати омӯзгорон ва хароҷоти иловагӣ ҳисоб карда шавад. Дар ин самт Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маориф, Академияи таҳсилот таҳлил гузаронида истодаанд.

Тибқи омори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар ҷумҳурӣ 4822 муассисаи таълимӣ, 696 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ,  62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 42 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, шумораи умумии таълимгирандагон 2 696-727-ро ташкил менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД