goodwell
Мактабҳои ноҳияи Рӯдаки соҳиби компютер, принтер, видеопроектору интернет шуданд
103

МИҲД-и ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер, принтер, тахтаи электронӣ, видеопроектор ва дигар технологияҳои навин дар остонаи соли нави таҳсил тадбирҳои зиёде меандешад.

Соли равон барои мактабҳои ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷа, соҳибкорон ва шахсони алоҳида 2953 компютер ва 575 принтер харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Тавре масъулини ноҳия зимни нишасти матбуотӣ гуфтанд, дар баробари ин, муассисаҳои таълимӣ соҳиби 117 тахтаи электронӣ ва 117 видеопроекторҳои нав гаштаанд. 104 мактаб тавассути МОДЕМ бо шабакаи интернет пайваст карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД