Arzon march 2024
Мактаби №25-и шаҳри Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шуд
289

Мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба номи журналисти шинохта, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор гузошта шуд.

Акбари Саттор 20-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи Ҳисор ба дунё омада, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Мавсуф аз соли 1990 то то 1994 дар рӯзномаҳои маъруфи «Тоҷикистони советӣ» ва «Садои мардум» кор мекард. Моҳи ноябри соли 1994 Акбари Саттор ҶДММ «Чархи гардун»-ро ташкил намуда, поягузори матбуоти озод дар Тоҷикистон гашт.

Барои хизматҳои арзандааш дар рушди матбуот ва фарҳанги тоҷик Акбари Саттор соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудаст. Ӯ аз зумраи журналистони хеле муваффақи тоҷик буда, аз соли 2006 то лаҳзаҳои охирини ҳаёт вазифаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Аммо умр ба ин марди қаламкаш вафо накарда, 28-уми августи соли 2015 Акбари Саттор дар синни 51-солагӣ аз олам даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД