tobiston
Мактаби №1-и шаҳри Душанбе вайрон карда мешавад
149

Бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Душанбе вайрон карда шуда, ба ҷойи он мактаби нави замонавӣ бунёд хоҳад гашт. Дар ин бора директори мактаби мазкур Шавкат Ҳусейнзода зимни суҳбат бо журналистон хабар додааст.

Хонандагон ва омӯзгорони мактаб то ба охир расидани сохтмони бинои нави таълимӣ ба дигар муассисаҳои таълимии пойтахт тақсим карда мешаванд.

«Айни замон мо ба кӯчидан омодагӣ дида истодаем. Хонандагони синфҳои болоии мо ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53 ва хонандагони синфҳои поёнӣ муваққатан ба мактаби №6 гузаронида мешаванд. Дар маҷмуъ, ҳудуди 1000 нафар хонандагони мактаби моро ба ин ду мактаб мегузаронанд, боқӣ 800 нафари дигар дар мактабҳои ба ҷойи истиқоматашон наздиктар таҳсили худро идома хоҳанд дод”,-гуфтааст Ҳусейнзода ва таъкид кардааст, ки новобаста ба вазъият мактаб имсол низ хонандагонро ба синфи 1 қабул мекунад.

Бино ба маълумоти Раёсати маориф дар шаҳри Душанбе, сохтмони бинои нави мактаб бояд тӯли як сол ба охир расида, моҳи сентябри соли 2026 ба истифода дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки мактаби №1 аз аввалин мактабҳои пойтахт буда, соли 1932 бунёд ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД