Таҳсилоти ҳатмӣ дар Тоҷикистон 11-сола шуд ва наврасону ҷавонон минбаъд наметавонанд баъди хатми синфи 9 тарки мактаб намуда, оворагардӣ кунанд...
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф тағйироту иловаҳои нав ворид карда шуд. Наврасону ҷавонон дигар баъди хатми синфи 9 наметавонанд тарки мактаб намоянд, зеро таҳсилоти ҳатмӣ дар Тоҷикистон акнун 11-сол мебошад.
Тибқи тағйиротҳои наве, ки ба қонун ворид карда шудааст, танҳо он нафароне, ки мехоҳанд таҳсилашонро дар колеҷ ё техникум идома диҳанд, метавонанд баъди хатми синфи 9 ҳуҷҷатҳояшонро аз мактаб бигиранд.
Тағйиротҳои нав ба қонуни мазкур дар парлумони кишварамон санаи 20-феврал ворид карда шуда, матни пурраи он дар нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон “Садои мардум” нашр шудааст.
Ҳадаф аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур бо таҳсилоти миёна фаро гирифтани тамоми қишрҳои аҳолӣ мебошад.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода, зимни муаррифии лоиҳа онро қадами қатъӣ дар соҳаи маориф номидааст. Ба қавли вазир, иқдоми мазкур ба баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ мусоидат менамояд ва барои ба низом даровардани ҷараёни таҳсил мусоидат мекунад.
Наврасону ҷавононе, ки то синфи 11 хондан намехоҳанд, ба таври ҳатмӣ ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, ки ба рушд ва пешравии иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамоянд, ҷалб карда мешаванд. Коршиносон мегӯянд, ин иқдом сатҳи бекорӣ ва шумораи бекоронро дар кишвар нисбатан паст намуда, ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон мусоидат хоҳад кард.