Сабрин, бонуи тоҷир, дар гўшаҳои гуногуни шаҳр мағозаҳои атриёт, хонаву дари бошукўҳ ва мошини хориҷии қимматбаҳо дорад, вале пиёда гаштанро дўст медорад.
Бону дар наздикии хонааш аз биноҳои навсохти баландошёна хонаи якҳуҷрагие харид ва онро ба нуқтаи корияш табдил дод. Аввалҳо дар хонаи панҷҳуҷрагии барҳавояш, ки як қадам дуртар аз офисаш қарор дорад, корҳояшгро ба анҷом мерасонид, вале баъдҳо хост барои худаш як кабинети корӣ таҳия кунад. Ў имрўз мисли ҳарвақта оҳиста-оҳиста аз зинаҳо поин шуда, ҷониби хонааш раҳсипор гашт. Раҳораҳ дар бораи Аваз фикр мекард...
Сабрин баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш, ки зиндагияшон ҳамагӣ шаш моҳ тӯл кашид, дигар ёди мард накард, зеро дар ин шаш моҳ ҳамсари нашъамандаш зиндагии ўро ба даҳшат табдил дода буд ва ҷавонзан қарор дод, ки умрашро бе шавҳар мегузаронад, то он даме, ки бо Аваз вонахўрд. Онҳо дар як тўй вохўрданд, соҳиби тўй шиноси умумии онҳо буд ва ин шиносоӣ ба ишқи бузург мубаддал гашт. Сабрин ба ин ҷавонмарди қоматбаланди зебо ва шик ошиқ шуд ва ўро ба хонааш роҳ дод, аз муносибатҳои онҳо касе хабар надошт.
Сабрин дар хонаводаи зиёӣ ба воя расида буд, падару модараш ў ва бародарашро хеле хуб тарбия карданду ба воя расониданд. Бародараш аз пайи касби падар рафта, ҳоло дар соҳаи илми нуҷум доктор шуда буд ва дар хориҷа истиқомат мекард. Модараш баъди марги падар кўчида, ба назди писараш рафт, вале зуд-зуд ба Ватан баргашта, моҳҳо бо духтараш мемонд ва дар гўши ў мехонд, ки ошиқи пулу шуҳрат нашуда, шавҳар кунад ва ақаллан як фарзанд барои худаш таваллуд намояд. Сабрин ба суханҳои модараш чизе намегуфт, маҳз бо хоҳиши модар баъди хатми донишгоҳ ба писари ҳамкори ў расида, бадбахт шуда буд. Аммо ҳеҷ гоҳ инро дар рўи модараш намегуфт.
Донишгоҳро бо тахассуси иқтисодшинос хатм карда бошад ҳам, аз рўйи ихтисос як рўз кор накарда, ба тиҷорат даст заду муваффақ шуд.
Бо пайдо шудани Аваз зиндагии ҷавонзан, ки умраш ба сиву панҷ мерасид, тамоман дигар шуд. Акнун ў барвақттар ба хона бармегашт, хўрок мепухт, дастархон меорост ва дўстдоштаашро интизор мешуд. Аваз зан ва як фарзанд дошт, мегуфт, ки занашро дўст намедорад ва танҳо ба хотири писараш бо ў зиндагӣ дорад.
- Ҳамин ки писарам мустақил шуд, аз занам ҷудо мешаваму никоҳи расмию мусулмонӣ карда, зиндагиямонро идома медиҳем,- мегуфт ба чашмони Сабрин нигоҳ карда Аваз.
Сабрин пеши худ мақсад гузошт, ки барои Аваз як духтарча таваллуд мекунад ва никоҳу издивоҷ баъд шудан мегирад. Ҷавонмард ду рўз бо ў буду як рўз бо занаш, пулдор бошад ҳам, ба Сабрин на гул ҳадя мекарду на як дона шоколад, вале барои Сабрин ин муҳим набуд. Ў ҳама чизро дошт, меҳрубониву суханҳои ширини Аваз барояш беҳтарин туҳфа буданд. Ҷавонзан банди фикру андешаҳои ширин ба назди бинои истиқоматияш расид, ҳамин вақт касе ўро садо кард:
- Сабрин!…
Рў ба сўи соҳиби овоз оварда, зани қоматбаланди сафедандоми зебоеро дид, ки сўяш меомад. Зан бо табассуми малеҳ илова кард:
- Сабринҷон, ман ба шумо гап доштам, шуморо ба қаҳвахонаи пушти бино таклиф мекунам, сари як финҷон қаҳва гап-гап кунем, шумо розӣ?
Сабрин китф дарҳам кашида, ҳамроҳи зан ба қаҳвахона раҳсипор шуд. Онҳо сари мизи холие нишаста, қаҳва ва кулчақанд фармоиш доданд.
Зан ба Сабрин гуфт:
- Сабринҷон, ман Баноз, ҳамсари Аваз ҳастам.
Дили Сабрин дар қафаси синааш мисли кафтараки нимбисмил пар-пар мекард. Зан аз дил гузаронд, ки “Худоё, ҳозир ин зан доду вой бардошта, ўро шарманда мекунад, ин чӣ коре буд, ки ў кард”.
Аммо Баноз ғайричашмдошти Сабрин оромона гуфт:
- Сабринҷон, аз ту хоҳиш мекунам, ки шавҳари маро напарто, ҳарчанд ў туро дўст намедораду мудом назди ман масхара мекунад, мегўяд, ки “як зани аблаҳ аст ва гумон дорад ман барои ў шуда, туро мепартоям”.
Сабрин бо ҳайрат аз Баноз пурсид:
- Чаро ман шавҳари туро напартоям?
- Медони чӣ,- бо лабханд ба суханаш идома дод зани Аваз,- ҳамсари ман хеле булҳвас аст. Чӣ қадар занҳоеро аз зери дасташ нагузарондааст... Эҳе… Бо фоҳишаҳои тасодуфӣ ҳам ҳамхоба шуда, ба бемориҳои зуҳравӣ гирифтор гашт. Мо табобат кардем, ҳамин ҳоло ҳам табобат мегирем, зеро паёмади оризаҳои ҷинсӣ буданд ё бадгардиҳояш, ки қувваи мардияш кам шудааст. Аз ў дигар кўдак намешавад, ман ҳам бо як писар мондам, писарам донишҷў аст…
Рухсора САИД