Arzon march 2024
Макри дӯсти номард Қисми 1
1793

 

Мо дар яке аз деҳаҳои зебоманзари Кӯлоб зиндагӣ мекардем. Падарам марди қоматбаланди андаке лоғар буд ва дар бари рӯяш холи сиёҳи калоне дошт, аз ҳаимн хотир мардум ӯро Хол мегуфтанд.

Модарам зани ниҳоят зебо буда, мӯйҳои то зону хамидаи сип- сиёҳ ва абрӯи камоншаклу рӯи барфсон сафед дошт. Падарам ба мӯйҳои дарозу чашмони хумории оҳумонандаш ошиқ шуда модарамро ба занӣ гирифта будааст.

Ҳар дафъае, ки аз назди дарёча мегузаштем, падарам ба мо ҷойи шиносоиашонро нишон дода мегуфт: «Ширмоҳии бахтамро ман аз ҳамин соҳил ёфта будам». Дар деҳоташон онҳоро Лайлӣ ва Маҷнуни кӯлобӣ мегуфтаанд. Як умр ошиқи ҳамдигар буданд падару модарам, вале…

Ба ҷоми бахти падару модарам як кас заҳр рехт. Ин дӯсти падарам Боқӣ буд. Падарам аз Боқӣ 10000 доллар қарздор будааст, барои ҳамин пул вай ҳаёти моро талх намуд. Рӯзе аз хоб дертар бедор шудам, ки дар ҳавлӣ садои доду вой ва ҷанҷолу хархаша баланд аст. Боқӣ ва падарам ба сари ҳамдигар дод мезаданд. Боқӣ ду зан дошт, вале бо ин қаноат накарда, аммаам Суманро бар ивази қарзаш аз падарам талаб мекард. Мехост ба ҷои 10000$ Суманро зани сеюм карда гирад, вале падарам Боқиро дашном дод. Он худобехабар модари фаришта барин поки маро туҳмат кард, ки гӯё аз падарам фарзанд намешаваду занаш аз каси дигар ҳомиладор шуда зоидааст. Падарам ба ғазаб омада Боқиро зери мушту лагад гирифта, чунон сахт зад, ки аз даҳону биниаш хун фаввора зада шорид. «Хоната оташ мезанам, касофат! Зиндагита ба дӯзах табдил дода, беваю сағераҳота бесоҳиб накунам, аз пушти падарам набошам!»,- аррос зада таҳдид мекард Боқии ба хоку хун оғӯшта. Ҳамсояҳо базӯр онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карданд. Аз ин воқеаи нохуш тақрибан як моҳ гузашт. Рӯзе сарҷамъ хӯроки шомро мехӯрдем, ки телефон занг зад. Падарам гӯшакро бардошта бо қошу қавоқи овезон бо касе суҳбат кард.

-Мардак, кӣ занг зад?-Хавотир шуда пурсид модарам.

-Боқӣ.

-Вай гурсӯхта чӣ мехоста аст? Боз қарзро биёр мегӯяд ё Суманро?

-Не, узр пурсид.

-Не-е, наход?!

-Маро ба меҳмонӣ даъват кард. Рафта куртаи кабудамро дарзмол кун, ҳозир ба хонааш меравам. Оши оштӣ мехӯрем,-падарам табассум кард.

Дили модарам ором гирифта аз паи дарзмол кардани курта шуд. Падарам аз меҳмонӣ як поси шаб гашт. Модарам костюми падарамро ба ҷояш овехтанд ва нафаси осуда кашида ба бистар даромаданд, вале саҳар офтоб нав нурпоширо сар карда буд, ки садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Дарро чунон сахт-сахт мекӯфтанд, ки гумон кардем ҳозир дарвозаро мешикананд. Модарам зуд ба ҳавлӣ баромада дарро кушоду дар ҷояш шах шуда монд. Дар рӯ ба рӯяш кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва Боқӣ меистоданд. Модарам онҳоро дида пурсиданд:

-Шумо раҳгум задед магар?

-Не, апа, шавҳаратон Холмаҳмад дар хона?

-Ҳа, он кас шавҳарам. Ҳозир ҷеғ мезанам.

-Не, мо худамон ба наздашон меравем.

-Майлаш.

-Хонаро кофтукоб кунед,-баробари аз даромадан амр кард яке аз меҳмонҳои нохонда.

Дар як лаҳза хонаи моро ба харобазор табдил дода аз кисаи костюми падарам як ҳамён ва як соати нуқрагин дарёфт карданд. Падарамро бо ҳоли зор ва бо дастони баста аз хона бароварда ба назди муфаттиш бурданду вай бо дӯғу пӯписа пурсишро сар кард:

-Ному насаби шумо...

 

-Шумо дирӯз ба хонаи Боқӣ рафта будед?

-Бале, рафтам будам, худаш маро даъват кард.

-Яъне, шумо аз соати 10- субҳ то 7-и бегоҳ дар хонаи Қаюмов будед?

-Бале.

-Аз костюми шумо ҳамёне, ки 300$ дошт ва соати нуқрагин ёфт шуд. Шумо онро дуздидед? Чаро?

-Алҳол ман мушкилӣ дорам, вале барои ин даст ба дуздӣ намезанам.

-Пас, ин чизҳо дар кисаи шумо аз куҷо пайдо шуд? Ҳамёну соати гаронбаҳо пой бароварда ба костюматон даромаданд?

-Намедонам, костюмамро ман дар роҳрави хонааш овехта будам.

-Фаҳмо, ӯро баред!

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД