Нағмаҳои арӯси нав
Пас аз 3 моҳи вафоти ҳамсараш додаршӯям ду пояшро ба як мӯза андохта, зангир шуд ва мо ӯро дубора хонадор кардем. Гумон доштам, ки бо авсуни навам низ апаю хоҳар мешавем, аммо хаёлам хом баромад. Аз рӯзи аввали ба ин хона қадам гузоштанаш ҳамсари дуюми додаршӯям ҷудоиандозиро сар кард. Аввал дастурхон ва нону обашро ҷудо кард, баъд моро дар назари шавҳараш бад мекардагӣ шуд ва билохира кор ба ҷое расид, ки акаю додар бо ҳам душман шуданд.
Ба ҷудоиандозиҳои авсуни навам нигоҳ накарда, ману шавҳарам тамоми ҳастии худро ба 4 навраси ятим, ки 2 нафарашон фарзандони додаршӯям буданд, бахшида, намегузоштем, ки ба пояшон хоре халад. Онҳоро тарбият намудем, калон кардем, хонондем, бо обрӯ хонадор карда, зану шавҳар додем, вале...
Бадӣ бар ивази некӣ
Фируза Саттори, [19.06.2024 15:16]
Миннат намекунам, вале ман ба фарзандони акаи шавҳарам модар шуда, онҳоро мисли гул парвариш намудам, хӯрондам, пӯшондам, хонадор кардам, аммо ба ҷойи раҳмат гуфтан 9 сол аст, ки ин мард ҳар рӯз дар ҳаққи ман ягон туҳмату бӯҳтон бофта, ҷигарамро хун мекунад. Худаш сарашро ба девор зада мекафонад ва бо роҳҳои дигар ба худаш ҷароҳату зиён расонида, баъд ба дари милисаю суд меравад, ки гӯё ману шавҳарам ӯро зада хуншор карда бошем. Дар ҳаққам чунон гапҳое бофтааст, ки ногуфтанӣ, аммо ба хотири он ки ин мард акаи шавҳарам аст, ин ҳама сол ба ҳамааш тоқат мекардам.
Боварии комил доштам, ки рӯзе ақли додаршӯям ба сараш мезанад ва аз ин корҳои бад даст мекашад, аммо баръакс торафт бадтар шуд. Ману шавҳарам 35- сол дар ин хона зиндагӣ карда аз худи вай бештар барои ободониаш заҳмат кашидаем. Садҳо бех ниҳоли току себу гелос шинондем, боғ бунёд намудем, заминро бо обилаи кафи даст ба як гӯшаи биҳишт табдил додем, аммо касе ба қадри меҳнатамон нарасид. Бародари шавҳарам тамоми ҳуҷҷатҳои хонаю заминро ба номи худаш ҳуҷҷатгузорӣ карда, ману шавҳарам ва ҳатто писари худашро аз дар берун кард. Магар подоши некиҳои мани бефарзанд, ки ба бачаҳои бемодари додаршӯям ва хоҳаршӯйи раҳматиам модар шуда, онҳоро бо садҳо ранҷу азоб калон кардам, ҳамин аст?!
Замин, хонаву дар, боғу роғ ҳамааш аз сари одам мемонад, вале ҳаминаш алам мекунад, ки додаршӯям дар дами пирӣ барои як порча замин бо додари худаш душман шудааст. Куҷо шуд меҳру муҳаббати инсонӣ? Куҷо шуд меҳри фарзандпадарӣ? Надох як порча замин аз фарзанди падар болотар бошад?!
Зулайхо