Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили эҷодии Шоирони Халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш баргузор гашт.
Даста-даста ошиқону дилбохтагони шеъру сухани ноб бо гулу гулдастаҳо ба маҳфили “Ҳумоюн”-и шоирони тавонои тоҷик - Фарзона ва Озарахш шитоб доштанд, то димоғи ҷони худро аз атри шеъри тар муаттар гардонанд.
Маҳфилро муовини вазири фарҳанги ҷуҳурӣ, шоири ширинкалом Давлат Сафар ҳусни оғоз бахшида, аз нақши ин ду шоири хушбаён, хосса Фарзона дар рушди фарҳангу адабиёти тоҷик сухан ронд ва соҳибони маҳфилро ба саҳна хонд.
Фарзона ва Озарахш бо дастугули шеъру сухани ноб, ки амсоли баҳор пуртароват буд, дилбохтагони назмро хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки ин маҳфил ба хотираи неки фарзанди дилбандашон Ҳумоюн бахшида мешавад. Қаблан маҳфили “Ҳумоюн”-ро дар шаҳри Хуҷанд ва кишвари Эрон баргузор намуда бошанд ҳам, Фарзона ва Озарахш аз баргузории маҳфил дар қалби Тоҷикистони азиз, шаҳри Душанбе ва расидан ба дидори мухлисони бешумори худ изҳори шодмонӣ намуданд.
Дар чорабинӣ чеҳраҳои намоёни фарҳангу адаби кишвар Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Абдулҳамид Самадов, Хайрандеш, Ҳайринисо Юсуфӣ ва дигарон ширкат варзида, аз Фарзона ва Озарахш ва мақоми ин ду шоири рангинбаён дар адабиёти тоҷик ва умуман адабиёти Шарқ сухан гуфтанд.
Ҳузури ҳунармандони шинохтаи тоҷик Хосияти Зарафшонӣ, Афзалшоҳи Шодӣ ва Алишер Қаноатзода ба маҳфил шукӯҳу таровати дигар бахшида, булбулони боғи санъат аз эҷоди Фарзона ва Озарахш таронаҳои дилнавоз суруданд.