Шуруъ аз имрӯз, 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои кишвар маҳдудияти неруи барқ шабона барҳам дода шуд.
Дар ин бора Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" иттилоъ дод.
- Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба самъи истифодабарандагони неруи барқ мерасонад, ки шуруъ аз ҳамин сана - 11-уми апрели соли 2025 дар тамоми минтақаҳои кишвар маҳдудияти неруи барқ шабона бардошта шуд. Умед бар он дорем, ки дар пайи гарм шудани ҳавову боришоти борон ва зиёд шудани оби дарёи Вахш, дар рӯзҳои наздиктарини оянда маҳдудияти неруи барқ рӯзона низ бардошта хоҳад шуд,- хабар медиҳад манбаъ.