arzon replenishment
Мадрасаи Абдулатиф Султон таъмир мешавад?
475


Қисматҳои вайронаи мадрасаи таърихии Абдулатиф Султон, ки ба номи Кӯкгумбаз маъруф аст барқарор карда мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии МИҲД-и шаҳри Истаравшан иттилоъ додааст.

Мо оид ба кай оғоз шудани таъмир аз амини маҳалла Каримқул Рустамов, раиси маҳаллае, ки мадрасаи мазкур он ҷост, пурсон шудем. Бино ба қавли ӯ корҳои барқарокунӣ аз ҳафтаи оянда оғоз мегардад.

"Аз ҳафтаи оянда корҳои барқарорсозии ин мавзеъ оғоз мегардад. Барои барқароркунии аллакай чизҳои лозима харидорӣ шудаанд. Қисматҳои вайронаи дохилу беруни мадраса ва гумбази он барқарор карда мешавад. Алҳол аз шаҳри Самарқанд сафолакҳо харидорӣ шудаанд. Ин мавзеи таърихии шаҳри Истаравшан бори охир соли 2005 таъмир гардида буд."

Мадрасаи "Гумбази Кабуд" (Кӯкгумбаз) яке аз нодиртарин объекти таърихӣ дар ҳудуди шаҳр дониста мешавад. Он асри 15 (16) аз ҷониби Абдулатиф Султон писари Мирзо Улуғбек сохта шудааст. Мадраса саҳни дарозрӯя дошта, аз рӯйи тарҳ ба масҷидҳои ҷомеъ хос аст. Аз дохили ин бинои таърихӣ, аз тарафи чапу рост ду роҳрав мавҷуд буда, барои болои мадраса баромадан сохта шудааст. То баромадан ба боло бояд 28 зиндаро тай намуд. Мадраса, ки манора надоштааст муаззин аз дохили бино ба болои бом баромада азон мегуфтааст. Ба гуфти кӯҳансолони ин диёр садои азон он вақтҳо то 20-25 километр паҳн мешудааст. Пештоқи ин маҷмааи таърихӣ бо тарзи меъмории ба худ хос оро дода шуда то имрӯз шакли қадимиашро гум накардааст.

Назар ба гуфти Каримқул Рустамов ҳамарӯза барои дидани ин маҷмааи таърихӣ сайёҳони зиёди хориҷиву дохилӣ меоянд. Мадрасаи Абдулатиф Султон дар замони сохта шуданаш бо тиллову нуқра оро дода шуда будааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар замонҳои аз мадрасаи Абдулатиф Султон то Қалъаи таърихии Муғ роҳи пинҳони зеризаминӣ будааст, ки он бо гузашти вақту замон ноаён гардидааст. Ҳамчунин дар назди ин бинои таърихӣ як ҳаммоми калон фаъолият мекардааст аз он қубурҳои махсус аз зери фарши мадраса гузашта дар зимистон фаршро гарм мекардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД