Commerce bank may-june 2026
Мадина Саидализода беҳтарин “Хонандаи сол” эълон шуд
85

Дар озмуни ҷумҳуриявии "Хонандаи сол”, ки байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилони миёнаи умумии кишвар баргузор мегардад, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Мадина Саидализода ғолиб омада, беҳтарин “Хонандаи сол” дар Тоҷикистон эълон шуд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, даври ҷумҳуриявии озмун рӯзҳои 11-12-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор гашта, довталабон аз фанҳои таълимӣ, кори хаттӣ ва санҷиши тестӣ супоридаанд, ҳамчунин ҳисоботи эҷодии онҳо низ шунида шудааст. Мадина Саидализода байни 5 нафар довталабони асосӣ нисбати дигар рақибонаш бартарӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал гаштааст.

Гуфта мешавад, ки ғолиби озмун Мадина Саидализода бо диплом ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД