Мадина Мамадҷонова, баъд аз сеюним моҳӣ беҳушӣ дар беморхонаи Қарияи Боло даргузашт.
Даргузашти ин ҷавонзан дар ҳолест, ки дирӯз Додгоҳи олӣ Парвиз (Лутфулло) Давлатов яке аз гумонбарони қазияи “паврвандаи Мадина”-ро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
“Ӯро додгоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста ба 8 соли зиндон ҳукм кард. Аммо бар асоси татбиқи шудани Қонуни афви моҳи сентябр ҳукми ӯ то 5 солу 4 моҳ кам карда шуд”, - гуфтааст манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, муҳокимаи гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова ҳамсари Парвиз - Азиза Давлатова идома дорад ва ҳукми додгоҳ содир нашудааст. Алайҳи Азиза Давлатова танҳо бо як моддаи кодекси ҷиноятӣ - сӯйиқасд ба худкушӣ парванда боз шуда буд, ки акнун баъди даргузашти Мадина, эҳтимол дорад ба моддаи куштор иваз шавад.