arzon replenishment
Мадина дар гӯштин мардонро мағлуб месозад
841

Мероси падар

Мадина Рустамова сокини 17-солаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ буда, падараш Рустам Қурбонов мураббии дзюдо , хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мебошад. Мадина аз замони хурдсолӣ ба варзиш шавқу ҳаваси беандоза дошт ва дар ин ҷода ба дастовардҳои хуб ноил гаштааст. Ин духтари ҷасур дар гӯштин ҳатто ҷавонмардонро мағлуб месозад.

Қадамҳои нахустин

Дар хонаводаи онҳо ба ҷузъ Мадина боз панҷ фарзанди дигар ҳаст. Бародари ягонаи Мадина- Бозорбой аз синни 15- солагӣ бо дзю-до машгул буд. Он вақт Мадина дар синфи 2 мехонд ва аз бародараш хоҳиш кард, ки ӯро ҳам бо худ барад.
Ҳамин тавр ӯ бори аввал ба толори варзишӣ рафта, ба ин навъи варзиш рағбати зиёде пайдо кард, вале модари Мадина зидди ин шавқи духтараш буд ва ба писараш амр намуд, ки дигар хоҳарашро ҳамроҳаш набарад. Аммо Мадина аз роҳи интихобкардааш нагашт.

Мадина 11 писарро мағлуб карду...

Мадина таҳти роҳбарии мураббияш Маҳмадулло Ғуломов машқ мекард. Азбаски дар ин толори варзишӣ духтари ягона буд, ҳамеша рақибонаш писарон буданд. Ғалабаи аввалаш низ бар писаре буд. Соли 2017 бахшида ба зодрӯзи Маҳмадрасулов- қаҳрамони гӯштии Осиё, ки дар деҳаи Кадучӣ ба воя расидааст, мусобиқаи гуштингирӣ баргузор гардид. Рақибони Мадина дар ин мусобиқа 11 писар буданд, вале ин духтари ҷасур бар ҳамаи онҳо дастболо гашта, пирӯзии бебаҳо ба даст овард. Барои ғолибият ба даст оварданаш ба Мадина ҷоизаи пулӣ ва ду қолин тақдим намуданд.

Баъдтар Мадина дар мусобиқоти вилоятӣ ширкат меварзидагӣ шуд. Вай бештар дар байни хонандагони мактаби варзишии бачагонаи ноҳия дар вазни худ ҷойҳои дуюму сеюмро мегирифт ва аз ин хеле нигарон буд, аммо дере нагузашта ҳама чиз тағйир ёфт ва дар мусобиқаи вилоятии гӯштин Мадина аввалин духтаре шуд, ки ғолибият ба даст овардааст.

Зинаҳои шӯҳрат

Мадина дар мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов ғолиби бебаҳс шуд ва инчунин Ҷоми қаҳрамонро ба ифтихори Худойназар Боқиев гирифт. Соли 2021 бошад, вай қаҳрамони Ҷоми ҷумҳуриявии Имрон гашт.
Акнун Мадина дар мусобиқоти байналмилалӣ низ ширкат варзида, шарафи варзишии кишварамонро ҳимоя мекунад.

Айни замон мураббии Мадина Рустамова Беҳрӯз Назриев дар Кӯлоб аст ва ӯ ҳамарӯза аз мураббии худ тамрин мегирад. Вай ҳар сол дар мусобиқоти гуштини наврӯзӣ ширкат варзида, ҳатто мардонро мағлуб месозад ва ба чи корҳо қодир будани зан-духтари тоҷикро дар амал нишон медиҳад.

Мо, аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ Мадина Рустамоваро бо иди Наврӯзи оламафрӯз сидқан муборакбод гуфта, барояш тани сиҳату умри дароз ва комёбиҳои нав ва нави варзиширо орзу дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД