Ҷудокорбонуи тоҷик Мадина Қурбонзода (-52 кг) дар мусобиқаи “Antalya Millennium Team Cadet European Cup 2025” ҳунарнамоии шоиста намуда, ба гирифтани нишони биринҷӣ шарафёб гардид.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Мадина рақобатро дар даври аввал оғоз карда, намояндаи Қазоқистон Инжу Жумажанро шикаст дод. Дар даври ҳаштякниҳоӣ Мадина бо намояндаи Словакия Вивиен Вадовичова нерӯсанҷӣ карда, дастболо шуд.
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Қурбонзода бо намояндаи Юнон Иосифиду Вероники сабқат карда, мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Мадина бар Самира Джароваи қирғиз ва Мариам Гулиашвилии гурҷӣ зафар ёфта, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Нино Хариашвилии гурҷиро шикаст дода, барандаи нишони биринҷӣ гардид.
Дар мусобиқаи мазкур ягона намояндаи Тоҷикистон Мадина Қурбонзода буд. Мусобиқа дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардида, 448 ҷудокор (239 писар ва 209 духтар) аз 24 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард.