Sebiston new 2024 october
Мадина Ақназарова ба занҳои афғон чӣ гуфт?
4231


Сарояндаи ҷавону зебо ва пуровозаи тоҷик, бонуи фариштарӯю фариштахӯй Мадина Ақназарова дар саҳифаи фейсбукии худ ба занҳои афғон, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар сарзамини Афғонистон ҳуқуқҳояшон поймол гашта, ба хушунату зӯроварии шадид гирифтор шудаанд, изҳори ҳамрайъӣ намудааст. Мадина дарди занҳои ситамкашидаи афғонро дарди худ хонда, мегӯяд ӯро рӯҳи муборизи ин занони шердил, ки аз ҷабру зулми “Толибон” натарсида, делерона барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, ба ваҷд овардааст.
“Ҳар як зане, ки аз ҳуқуқҳои худ бо тамоми ҳастӣ дифоъ менамояд, пешсафи ҳақиқии роҳи мубориза барои озодист. Ман аз шуҷоати ту ифтихор намуда, ҳамеша бароят дуо хоҳам кард, хоҳари азизам”-ба занони далери афғон муроҷиат намуда, мегӯяд ситораи эстрадаи тоҷик.
Дар идомаи муроҷиати худ Мадина Ақназарова занони афғонро тасаллӣ дода, изҳори умедворӣ менамояд, ки билохира садои ин занони мардонадил бар кашмакашиҳои сиёсӣ ғолиб меояд ва онҳо ба ҳадафҳои хеш мерасад.
“Ман доим барои ту дуо мекунам, туро самимона дӯст медорам ва ҳамеша, ҳар лаҳзаву ҳар нафас бо ту ҳастам, хоҳари азизам”-таъкид мекунад дар охир Мадина занони муборизи афғонро хоҳар хонда.
Ёдрас мешавем, ки баъди сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон аҳволи занони бисёр танг шуда, аз тамоми ҳуқуқҳои худ марҳум гаштанд. “Толибон” рисолати занро танҳо дар ба ҷо овардани хизмати шавҳар ва таваллуду тарбияи фарзанд дида, таҳсил намудан, кор кардан ва машғул шудан бо корҳои ҷамъиятиро ба бонувон манъ карданд. Занон дигар ҳатто ҳуқуқи бе иҷозат аз хона баромаданро ҳам надоранд.
Бонувони афғон аз поймол гаштани ҳуқуқҳояшон сахт ба ғазаб омада, чанд маротиба гирдиҳамоӣ ташкил карданд, вале тазоҳуроти занони делеру шуҷоъ аз ҷониби нерӯҳои “Толибон” пахш карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД