Formula novemver 2024
Маблағи ҷоизаи 3 озмуни ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд шуд
223

Мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» 100 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин бора дар суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид шуд.

Аз Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, ки иқдоми мазкур аз соли оянда татбиқ шуда, баҳри дастгирии шавқмандони ин озмунҳо ташаббуси бисёр нек аст.

Феълан, дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои ғолибони ҷойи якум 35 000, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барандагони Шоҳҷоиза аз рӯи 4 номинатсия ҳар яке соҳиби 70 000 сомонӣ хоҳанд шуд.

Дар озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” барандагони ҷойи якум соҳиби 35 000, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ шуда, ғолиби Шоҳҷоиза барои ихтироъкорӣ ва навоварӣ 70 000 сомонӣ мегирад.

Ғолибони ҷойи якуми озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” соҳиби 35 000, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 15 000 сомонӣ шуда, ғолибони Шоҳҷоиза аз рӯи 5 номинатсия соҳиби 50 000 сомонӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД